Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Романия мухолифи истиқлоли Косово


Президенти Романия Траян Басеску аз кишварҳои узви Нато дархост намудааст, ки аз эътирофи соҳибистиқлолии Косово худдорӣ кунанд. Ба гуфти номбурда барои дарёфти роҳи ҳалл вақти бештар зарур аст.
Басеску дар ин назар аст, ки бидуни мувофиқати Сербия ва пуштибонии СММ эъломияи истиқлоли Косово хилофи қонунҳои байналмилалӣ буда, барои ҷудоихоҳони саросари олам намунаи ибрат хоҳад шуд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ҳоли эълони соҳибистиқлоли Косово ИМА ва мамолики узви Иттиҳодияи Аврупо онро эътироф хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG