Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи созмони ҳомии ҳуқуқ ба табъ расид


Гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, кишварҳои ғарбӣ имкон медиҳанд, ки раҳбарони худкомаи саросари ҷаҳон худро демократ эълон намуда, аз ҳар гуна масъулият дур шаванд.
Дар гузориши солонаи созмони Ҳуман Райтс Воч омадааст, ки баъзан кишварҳои демократӣ бо назар дошти манфиатҳои иқтисодӣ ва амниятӣ аъмоли ғайридемократӣ ва сӯиистифода аз қудрати раҳбарони худкомаро нодида мегиранд.
Ба гуфти намояндаи расмии Ҳуман Райтс Воч Рейд Бродӣ чунин ҳол вазъи ҳуқуқи башарро ногувор мекунад.
Дар гузориши созмон аксуламали ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар иртибот бо эълони вазъи фавқулода дар Покистон мавриди танқид қарор гирифтааст.
Созмон мегӯяд, изҳороти шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иқдомҳои амалӣ таҳким наёфт.
XS
SM
MD
LG