Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли эълони ҳолати фавқулодда дар Фаронса дар пайи афзоиши хушунатҳо


Эҳтимол меравад, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса пас аз мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои амниятии он кишвар, вазъияти фавқулодда эълон кунад. Ин дидор ба ҳадафи пайдо кардани роҳи ҳалле барои поён додан ба эътирозҳои густурда дар ин кишвар сурат гирифтааст.

Пулис эълон кардааст, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи шанбе беш аз 400 танро дар Порис боздошт карда ва 133 тан низ захмӣ шудаанд.

Эътирозҳо дар Фаронса дар ибтидо ба таври мусолиматомез ва бинобар боло рафтари қимати маводи сӯхт, оғоз шуд. Аммо ҳоло эътирозгарон масоили аз ин калонтар, назири боло рафтани хароҷоти рӯзгор, афзоиши андозҳо ва дар умум сиёсатҳои иқтисодии ҳукумати Макронро ба боди интиқод кашидаанд. Ин эътирозҳо рафта-рафта ба хушунат кашида шудааст.

Он тавре, ки хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, эътирозгарон рӯзҳои гузашта маркази Порисро ба майдони "ҷанг" табдил карданд ва ба бинои маъруфи "Тоқи пирӯзӣ" низ осеб расонидаанд. Ин бино дар аввалҳои қарни нуздаҳум бунёд шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, пулиси зиддишӯриши Фаронса рӯзи шанбеи 1-уми декабр аз таҷаммӯи зиёди ошӯбгарон дар маҳаллаҳои серрафтуомади Порис дар ғафлат монд. Эътирозгарон ба амволи шахсӣ, аз ҷумла мошинҳо, ресторанҳо ва хонаҳои сарватмандон осеб расонидаанд.

Бар пояи гузоришҳо, ҳаҷми нооромиҳо ва ошуфтагиҳо дар Фаронса ба ҳадде аст, ки аз соли 1968 ба ин тараф бесобиқа буда ва ин нооромиҳо чолиши бисёр бузурге барои раиси ҷумҳури 40-солаи Фаронса эҷод кардааст.

Эммануэл Макрон, ки рӯзи якшанбеи 2-юми декабр аз нишасти "Гурӯҳи 20" дар Аргентина ба Порис бозгашт, ба бинои "Тоқи пирӯзӣ", ки ошӯбгарони шиорҳое чун "Макрон бояд истеъфо диҳад" дар деворҳои он навишта буданд, боздид кард.

Ошӯбҳо дар Фаронса рӯзи 17-уми ноябр бо бастани роҳҳо ва манъи дастрасӣ ба фурӯшгоҳҳо, анборҳои маводи сӯхт ва фурудгоҳҳо ба таври ногаҳонӣ оғоз шуд ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар густариши ин шӯриши худҷӯш нақши муҳим бозӣ кардаанд. Аммо мақомҳои давлатӣ мегӯянд, дар ба хушунат кашида шудани эътирозҳои рӯзи шанбе, гурӯҳҳои ифротии рост ва чап даст доштаанд.

Сухангӯи ҳукумати Фаронса аз эҳтимоли эълони ҳолати фавқулодда барои муқобила бо нооромиҳо хабар дод. Ба гуфтаи вай, Макрон омодаи музокирот бо эътирозгарон аст, аммо сиёсатҳои худро тағйир нахоҳад дод. Ҳукумати Фаронса ҳадаф аз сиёсатҳои нави худро аз муқобила бо гармоиши ҷаҳонӣ эълом кардааст.

Пулис эълон кардааст, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи шанбе беш аз 400 танро дар Порис боздошт карда ва 133 тан низ захмӣ шудаанд. Пулис барои пахши ошӯбҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардааст.

Пеш аз мулоқоти рӯзи якшанбе бо мақомҳои амниятӣ ва мушовирони худ, Эммануэл Макрон дар яке аз хиёбонҳои Порис зери тадобири сахти амниятӣ бо шуморе аз нерӯҳои пулис ва оташнишон дидор кард. Бар асоси ин гузоришҳо, теъдоде аз эътирозгарон алайҳи ӯ шиор дода ва хостори истеъфои ӯ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG