Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дорис Лессинг, барандаи Нобел дар адабиёт


Чанд сол инҷониб Лессинг пайиҳам ба ҷоизаи Нобел номзад мешуд, вале на баранда. Имсол доварон гуфтанд, ки Лессинг ҳамосасарои нақши зан аст, ки бо "шакккокӣ, оташ ва нерӯи рӯъёӣ тамаддуни тақсимшударо" таҳқиқ менамояд.

Лессинг 22 октябри соли 1919 дар оилаи бритониёии муқими Эрон ба дунё омадааст. Дар синни ҳафтсолагӣ ӯ ба кишвари африқоии Родезияи Ҷанубӣ ё худ Зимбабвеи имрӯза кӯчида, мактабро дар ҳамон ҷо хатм кардааст. Аввалин асари ӯ бо номи "Чаман тарона мехонад" дар соли 1950 ба таъбъ расида, харидори зиёд пайдо кард. Шореҳон мегӯянд, ба ваҷҳи умум асари "Рӯзномаи тилоӣ" ин нависандаро дар саросари дунё машҳур сохт. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар ин китоб нақши зан аз ҳад зиёд тавсиф мешавад. Вале дигарон таъкид мекунанд, ки дар ин асар мақоми инсон таъриф шудааст. Академияи улуми салтанатии Шведсия мегӯяд, осори Лессинг дар сароғози ҷумбиши феминизм ё худ баробарҳуқуқии занон қарор дорад.

Соли гузашта ҷоизаи сулҳи Нобелро адиби тукр Орҳан Памук гирифта буд. Ҳамроҳ бо ҷоиза хонум Лессинг муодили якуним миллион доллар пул, медалии тило ва ифтихорномаи Кумитаи Нобелро касб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG