Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар марзи Афғонистон


Сарбозони покистонӣ дар роҳ ба Вазиристони Шимолӣ (акс аз бойгонӣ)
Сарбозони покистонӣ дар роҳ ба Вазиристони Шимолӣ (акс аз бойгонӣ)

Низомиёни покистонӣ мегӯянд, дар ҷангҳои шадид дар марзи миёни Покистону Афғонистон 250 мусаллаҳи ошӯбгарро ба қатл расондаанд ва талафоти худи онҳо 45 нафарро ташкил додааст.

Ба гуфтаи онҳо, даргириҳо замоне сар шуд, ки ошӯбгарон ба яке аз посгоҳҳои артиши Покистон ҳамла овардаанд. Дар ҷавоб нирӯҳои покистонӣ бо истифода аз танку зиреҳпӯш ва чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба минтақаи таҷаммӯи мусаллаҳон дар музофоти қабиланишини Вазиристони Шимолӣ ҳуҷум карданд. Тибқи бархе аз хабарҳо, дар ин даргириҳо 14 сарбози покистонӣ бенишон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Форуқ Сангарӣ, муовини фармондеҳи полиси Пактикои Афғонистон гуфтааст, ҳавопаймоҳои нирӯҳои эътилофи байналмиллалии зидди террор, ки барои ҳимоят аз нируҳои амниятии Афғонистон ба маҳали амалиёт хоста шуданд, 16 шуриширо ба қатл расонданд, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Шаш нафари онҳо баъд аз амалиёти рӯзи шанбе боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Узбакистон низ ҳаст. Ин шаҳрванди Узбакистон гуфтааст, ҳамаи ононе, ки кушта шудаанд, шаҳрвандони Покистон, Узбакистон ва Чеченистон будаанд. Ҳувияти афроди кушташуда дақиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG