Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи хунин дар Ғаза. Шӯрои Амнияти СММ нишаст доир мекунад.ВИДЕО


Аъзои Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбеи 15-уми май барои баррасии ҳодисаи хунин дар ҷараёни тазоҳуроти фаластиниҳо дар марзи Ғаза ва Исроил гирдиҳам меоянд. Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбеи 15-уми май бо дархости Кувейт баргузор мешавад.

Шумораи кушташудаҳои фаластинӣ дар ҷараёни тазоҳзурот ва даргириҳои рӯзи душанбеи 14-уми май дар марзи Ғаза ва Исроил ба 55 нафар расидааст ва ҳадди ақал 2800 нафари дигар захмӣ шудаанд. Сафири Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид хостори маҳкумияти ин қатлҳо шудааст.

Даври нави тазоҳуроти фаластинҳо, ки чанд ҳафта аст идома дорад, ҳамзамон бо интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас баргузор шудааст.

Аз соли 2014 ба ин тараф дар набард миёни Исроил ва фаластиниҳо, ин бештарин шумораи талафоти инсонӣ дар минтақа аст. Аммо сафири Исроил дар СММ хостори маҳкумияти Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва дигар гурӯҳҳое, ки раҳбарии тазоҳуротро дар даст доранд, шудааст.

Натиҷаи нишасти Шӯрои амниятро наметавон пешбинӣ кард. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, дар гузаштаҳо дар пайванд ба тазоҳуроти маргбор дар навори Ғаза ва Исроил, Шӯрои Амният тарафҳоро ба сабру таҳаммул даъват карда буд, аммо даст ба иқдоми амалии хосе назад.

Даври нави тазоҳуроти фаластинҳо, ки чанд ҳафта аст идома дорад, ҳамзамон бо интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас баргузор шудааст. Тасмими интиқоли ин сафорат аз Телавив ба Байтулмуқаддас бо ситоиши Исроил ва эътирозҳои фаластинҳо, муттаҳидони Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон рӯбарӯ шудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар пешнависи қатъномаи ироашуда дар Шӯрои амнияти "таҳқиқоте мустақил ва шаффоф барои масъулон"-и хушунатҳо ва талафоти инсонӣ дар тазоҳуроти Фаластин матраҳ шуда буд, аммо "дипломатҳо гуфтаанд, Амрико ба анҷоми таҳқиқоти дархостшуда дар ин пешнавис мухолифат кардааст."

Даҳҳо нафар дар тазоҳуроти Ғазза кушта шуданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:03 0:00

Вокунишҳои ҷаҳонӣ

Кохи Сафед мегӯяд, масъулияти кушта шудани даҳҳо тан дар марзи Ғаза, ҳамзамон бо кушоиши сафорати Амрико дар Байтулмуқаддас, "мустақиман бар ӯҳдаи гурӯҳи "Ҳамос" аст. Сухангӯи Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфтааст, "Исроил ҳаққ дорад аз худаш дифоъ кунад."

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳам гуфтааст, аз ҳаққи Исроил аст, ки аз марзҳои худ дифоъ кунад Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ки Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) таҳрики эътирозгарон ва тазоҳуркунандагон дар марзи Ғаза ва Исроилро радд кардааст.

Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ҳодисаҳои рӯзи душанбе дар Амрико ва дигарҳо кишварҳои ҷаҳон низ идома дорад. Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё хостори хештандорӣ шуданд. Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон хушунатҳо аз сӯи артиши Исроил алайҳи тазоҳуркунандагонро маҳкум кард. Олмон гуфт, ки Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад, аммо ин посух бояд ба андоза бошад.

Туркия гуфт, ки Амрико ҳам дар ин "куштори шармовар" бо Исроил шарик аст. Ин кишвар гуфт, сафирони худ аз ҳар ду кишварро фаро мехонад. Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як баёнияи комиссари олии ҳуқуқи башари ин созмон Зайд Раъд Ҳусейн, ин ҳодисаро "куштори такондиҳандаи даҳҳо нафар ва захмӣ кардани садҳо нафар дар оташи Исроил" номид. Африқои ҷанубӣ ҳам сафирашро аз Исроил фаро хондааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам бо нашри як изҳорот хунрезӣ дар навори Ғаза ва кушта шудани даҳҳо тан аз шаҳрвандони Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромад буданд, қотеъона маҳкум кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ба зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаи маълуми Шӯрои Амният аз ҳама ҷонибҳо даъват кардааст, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебарад, худдорӣ намоянд.

Ҷумҳурихоҳони Амрико аз интиқоли сафорати он кишвар ба Байтулмуқаддас истиқбол кардаанд ва шуморе аз онҳо барои кушоиши сафорат рафтанд. Аммо ба навиштаи расонаҳо, ҳеҷ яке аз сенаторҳои Ҳизби демократи Амрико дар ин маросим иштирок накардаанд. Интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас ба ҳафтодсолагии таъсиси Исроил рост омад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG