Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Зарифӣ, Муттакӣ ва Сипанто дар Душанбе


Вазирони хориҷаи се кишвар Манучеҳр Муттакӣ, Ҳамрохон Зарифӣ ва Рангин Додфар Спанта дар Душанбе
Вазирони хориҷаи се кишвар Манучеҳр Муттакӣ, Ҳамрохон Зарифӣ ва Рангин Додфар Спанта дар Душанбе

Имрӯз, 25 март, нишасти вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон - Зарифӣ, Муттакӣ ва Сипанто дар Душанбе доир шуд.

Дар ин иҷлос, тибқи барнома, вазирони се кишвар Ҳамрохон Зарифӣ, Манучеҳри Муттакӣ ва Рангин Додфари Сипанто як қатор масоъили ҳамкории сеҷониба дар бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳи мошингард ва роҳи оҳан байни се кишвар ва таъсиси шабакаи муштараки телевизиёнӣ барои тамоми форсизабонони ҷаҳонро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин вузарои хориҷаи се кишвар як санади тафоҳумеро барои нишасти раисони ҷумҳурии се кишвар омода карданд, ки ин нишаст эҳтимолан ҳамзамон бо баргузории вохурии сарони созмони Шонҳой дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Тафсилоти нишасти вузарои хориҷаи се кишвар дар матолиби дигар дар давоми рӯз пешкаши хонандагон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG