Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев барои бори чаҳорум президенти Озарбойҷон шуд


Илҳом Алиев, президенти феълии Озарбойҷон дар интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар, ки рӯзи 11-уми апрел баргузор шуд, аксарияти орои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои аслии мухолифи ҳукумат ин интихоботро таҳрим ё бойкот карда буданд.

Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон эълон кард, ки пас аз шумориши 94 дарсади баргаҳои раъйдиҳӣ, Илҳом Алиев 86 дарсади раъйи интихобкунандагонро касб намуд ва барои бори чаҳорум раиси ҷумҳури Озарбойҷон шуд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон, мизони ширкати аҳолӣ дар ин интихобот 74,5 дарсад будааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷонро нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла дафтари Институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА назорат карданд.

Илҳом Алиеви 56-сола аз замони марги падараш дар соли 2003 раҳбарии ин ҷумҳурии иборат аз 10 миллион ҷамъиятро бар ӯҳда дорад. Пас аз эълони натоиҷи аввалия аз сӯи Комиссияи марказии интихобот, Илҳом Алиев шаби 11-уми апрел дар як суханронии телевизионӣ аз мардуми кишвараш барои райъ додан ба ҷонибдории ӯ сипосгузорӣ намуд ва гуфт, "мардум барои оромӣ, амният ва пешравӣ" раъй доданд.

Пирӯзии Илҳом Алиев дар интихоботи президентии Озарбойҷон дар ҳоле эълон шуд, ки қаблан Созмони Human Rights Watch гуфт, ин овоздиҳӣ ҳеҷ имкони интихобро ба раъйдиҳандагон фароҳам наовард. Аммо мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки дар раъйдиҳӣ шумори зиёди мардум иштирок карданд. Масъулони КМИ ворид шудани шикоятҳо дар мавриди тақаллубро рад карда ва гуфтанд, “ҳамаи гузоришҳо дар ин замина дурӯғ аст”.

Вале як созмони мустақили нозири интихобот наворҳои видеоии овоздиҳӣ дар шаҳри Курдамирро сабт кард, ки дар он дида мешавад, коргарони ҳавзаи раъйдиҳӣ қуттии дорои баргаҳои раъйро бо як қуттии ду баробар пуртари баргаҳо иваз мекунанд. Мухолифон мегӯянд, ҳукумати Илҳом Алиев садои интиқод ва оппозитсияро баста, матбуоту журналистон, фаъолони сиёсиву маданиро таъқиб мекунанд.

Рӯзи 5-уми феврал Алиев гуфта буд, таърихи интихоботро аз 17-уми октябр ба 11-уми апрел мегузаронад, то ба гуфтаи ҳукумат, ихтилофи таърихи баргузории интихоботи парлумонию президентии соли 2025 аз байн бурда шавад. Моҳи декабр дар як тағйирот ба қонуни интихобот рӯзи эълони баргузории раъйдиҳӣ дар кишвар камтар шуда, ҳадди ақал то 60 рӯзро ташкил дод.

Дар баробари исми Илҳом Алиев, дар варақаҳо номи 7 номзади дигар навишта шуда буд. Вале Гиорги Гогиа, пажӯҳишгари масоили Қафқоз дар созмони Human Rights Watch натиҷаҳои интихоботро “тағйирнопазир” номид ва гуфт, ки рақибони Алиев ба раъйдиҳандагон интихоби арзишманде дода натавонистанд. Дар як посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ ӯ навишт, “раъйдиҳӣ ба эҳтимоли ғолиб хуб идора мешавад”.

Вай гуфт, ҳукумати худкомаи Озарбойҷон барои “пахши мухолифони сиёсӣ, матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош карда”, даҳҳо журналисту блогнавис ва дигар мунтақидони давлатро ба зиндон андохтааст.

Гогиа гуфт, “вақте маълум аст, ки чӣ касе интихоб мешавад, шарикони байналмилалии Озарбойҷон набояд ҳамин тавр президентро бо пирӯзӣ табрик кунанд, балки бо истифода аз фурсат аз ӯ бихоҳанд, ки афроди бегуноҳ зиндонишударо озод кунад”.

Интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон. Номзади аслӣ - Алиев
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:46 0:00

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷонро нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла дафтари Институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА назорат карданд. Дар як изҳороти рӯзи 29-уми март ин созмон гуфта буд, "интизор надорад, ки интихобот пуррақобат гузарад".

Интихобот дар шароити бадшавии вазъи иқтисод мегузарад ва норозигии мардум ҳам боло мегирад. Арзиши пули миллӣ – манат дар муқобили доллари амрикоӣ поин рафт. Бахши аъзами содироти Озарбойҷонро даромад аз фурӯши нафт ташкил мекунад ва дар паи поинравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ поинравии нишондодҳои иқтисодӣ мушоҳида шуд. Дар Озарбойҷон мизони таваррум дар ҳоли боло рафтан аст ва бекорӣ аз мушкилоти аслии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG