Бо як қарори деринтизоре, Федератсияи байналмилалии футбол иҷоза дод, ки тими духтарони футболбози Афғонистон дар рақобатҳои бонуфуз иштирок кунад.
Варзишгардухтарони муҳоҷир ин хабарро бо хушнудии фавқулода пешвоз гирифтанд, чун мегӯянд, ин шояд ягона орзуи онҳо буд, то бо ҳамин шароити дур аз ватан ва бидуни пуштибонии ҳукумат, боз ҳам аз Афғонистони худ намояндагӣ кунанд.
Аъзои дастаи духтарони футболбози Афғонистон, ки баъди сари қудрат омадани Толибон дар саросари ҷаҳон парешон шуданд, мегӯяд, баъди дарёфти иҷозаи иштирок дар бозиҳои ҷаҳонии футбол орзу доранд, зери парчами бозиҳои олимпӣ ҳам дубора ба ҳам оянд.
Шӯрои мудирони ФИФА – Федератсияи байналмилалии футбол рӯзи чоршанбе дар қонунҳояш як тағйире ворид кард ва тими духтаронаи футболи Афғонистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ роҳ дод. Ин духтарон узви тими муттаҳидаи Афғонистони таҳти ҳимояти ФИФА мебошанд.
Видеоро инҷо бинед:
Қарори ФИФА бо истиқболи гарми варзишгардухтарон, аз ҷумла дарвозабони тим Фотима Юсуфӣ рӯбарӯ шуд, ки дар Мелбурн қарор дорад:
Фотима Юсуфӣ ба хабаргузории "Ройтерз" гуфт, "аз ин хабар гиряву шодӣ бо ҳам омехта шуд, чунки мо ҳамеша бо тамоми вуҷудамон аз Афғонистон намояндагӣ кардаем. Ҳоло ФИФА инро эътироф кард. Айни замон, бисёр духтарон дар Афғонистон аз чунин як имконияте маҳрум ҳастанд, аз ин рӯ, ин фурсатро бо ҳам мебинем".
То бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, Афғонистон 25 духтари футболбози қарордодӣ дошт, ки ҳоло дар Австралия зиндагӣ мекунанд.
Тими муттаҳидаи занони Афғонистон аз ҷараёни интихоб мегузарад, чун ФИФА дар Англия ва Австралия марҳилаи интихоби минтақавиро барпо кардааст.
Бо ин ки Афғонистон дар Бозии ҷаҳонии занон дар Бразилия соли оянда ширкат намекунад, онҳо метавонанд барои бозиҳои олимпии соли 2028-и Лос Анҷелес омода шаванд.
Фотима Юсуфӣ, дарвозабони тими футболи занони Афғонистон мегӯяд, "барои тими мо гап фақат дар бозиву футбол нест. Мо мисли садои духтарони ватан ва дигар нуқоти ҷаҳон ҳастем, ки хомӯш карда шудааст. Ин як рисолат аст. Ба бовари ман, ин як дастоварди бузург ва рамзи умед барои духтарон мебошад".
Фотима Юсуфӣ мегӯяд, дидани тими духтарон дар Ҷоми ҷаҳонӣ як орзуи деринааш мебошад ва барои ширкат дар он ҳоло бо тамоми нирӯ омодагӣ мебинанд.