Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Таркиши назди сафорат як амали террористӣ буд


Дар таркиши даромадгоҳи сафорати Амрико дар Анкара дасти кам ду нафар кушта шуданд.

Як бомгузори маргталаб рӯзи ҷумъа ба сафорати Амрико дар Анкара ҳамла кард, ки бар асари он як муҳофизи турк ва худи ҳамлгар кушта шуданд. Вазири умури дохилаи Туркия Муаммар Гулер гуфт: “ Муҳофиз Мустафо Оқосу, соли таваллудаш 1966 ва бомбгузори маргталаб, ки мо талош дорем ҳуввияташро маълум кунем, ҷон бохтанд. Ва як зан, Дидем Тунчай, соли таваллудаш 1974, ҷиддан захмӣ шудааст.”

Мақомоти Амрикову Туркия ҳамларо “террористӣ” номиданд. Касе масъулиятро ба дӯш нагирифтааст, вале Гулер гуфт, бовар меравад, ки бомбгузор ба як гурӯҳи ҷангии маҳаллии чапгаро рабт дорад. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон хостори талошҳои ҷаҳонӣ дар набард бо “афроди террорист” шуд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, таркиш дар даромадгоҳи бинои сафорат рух додааст. Дар ҳамлаҳои солҳои охир дар Туркия чирикиҳои курд, чапгароҳо ва ҷангиёни исломӣ даст доштанд. Дар як ҳамлаи соли 2007 дар Анкара, ки 9 кушта ба ҷо гузошт, як маргталаби чапгаро айбдор шуда буд.

Рӯзи ҷумъа дар даромадгоҳи сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Анкара, пойтахти Туркия, таркише ба вуқӯъ пайваст. Полис ва шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки таркишро як маргталаб анҷом дод. Тибқи иттилои ахир, дар ин ҳодиса ду нафар кушта шуда, чандин кас захмӣ шудааст. Сафири ИМА дар Анкара гуфт, ки яке аз кушташудаҳо корманди сафорат буда, табааи Туркияро доштааст.

Раҳбари вилояти Анкара Алоуддин Юксел гуфт, як нафари кушташуда муҳофизи сафорат, шаҳрванди Туркия буда, қурбонии дигар маргталаби бомбгузор мебошанд. Аз миёни ду нафари бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқолёфта як нафарашон зан аст.

Сафири ИМА дар Анкара Франсиз Риччиардоне дар сӯҳбат бо хабарнигорон мақомоти Туркияро барои вокуниши сареъ ташаккур карда ба наздикони муҳофизи кушташудаи сафоратхона изҳори ҳамдардӣ кардааст. “Аз кушта шудани ҳамкори мо, ходими амнияти сафорат изҳори таассуф мекунам ва ба осебдидаҳо таманно мекунам, ки базудӣ шифо ёбанд”. Сафир аз ҷасорати ходими амнияти сафорат ва хизмати ӯро дар таҳкими дӯстии миёни шаҳрвандони Туркия ва Амрико ситоиш кард.

Дар ҳамин ҳол дар Вашингтон мақомот тасдиқ карданд, ки ин ҳодиса як амали “террористӣ” буд ва муфаттишони амрикоӣ ҳамроҳ бо ҳамкорони туркашон ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд. Викториа Нуланд, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА бо пахши изҳороте гуфт, ки “таркиши террористӣ дар қабулгоҳи сафорати ИМА дар Анкара соати 13:13-и маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст”.

Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, таркиши сафорати ИМА дар Анкара рӯзи ҷумъаи 1 феврал кори дасти як бомбгузори маргталаб буд. Дар як изҳороташ, ки ба таври мустақим тавассути телевизиони Туркия намоиш дода шуд, ӯ ба муборизаи сартосарӣ бо "унсурҳои терроризм" даъват кард.

Консулгарии Бритониё дар Истамбул бо пахши изҳороте гуфт, ки эҳтимолан ин як ҳодисаи террористӣ будааст. Дар муроҷиат ба шаҳрвандони Бритониё - соҳибкорони бритониёӣ дар Туркия консулгарӣ хостааст, ки "боэҳтиёт бошанд" ва "барои таъмини амнияти худ ва сармояву моликияти худ тадбирҳои заруриро биандешанд".

Ҳоло дар маҳалли таркиш мошинҳои полис, "ёрии таъҷилӣ" ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ қарор доранд. Дар тасвирҳое, ки телевизиони Туркия нишон дод, даромадгоҳи валангори девори сафоратхона ва дуду сӯхтор ба назар мерасад. Айни замон, нишонаҳои хароботи азимтаре ба чашм намехӯрад.

Ҳанӯз гурӯҳе масъулияти таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.




Таркиш дар назди сафорати ИМА дар Анкара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG