Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дармондани мошинҳои зиёди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон. ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар гузаргоҳҳои марзии байни Узбекистону Қазоқистон мошинҳои зиёд аз ҷумла аз Тоҷикистон дармондааст. Ба гуфтаи ронандагон, қаторҳои дарози мошинҳо пас аз он пайдо шуд, ки мақомоти қазоқ аз мошини се шаҳрванди Тоҷикистон 12 килограм маводи мухаддир пайдо карданд.

Мақомоти Қазоқистон мусодираи маводи мухаддир аз нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ карданд, аммо нагуфтанд, ки ин кор ба пайдо шудани мушкил дар гузаргоҳҳо то куҷо рабт дорад.

Ду рӯзи ахир чандин нафар ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар гузаргоҳҳои марзи"Гишткуприк"/"Жибек Жолӣ" - байни Узбекистону Қазоқистон дармондаанд. Айни чунин шикоятҳоро бахши узбекиии Радиои Озодӣ низ дарёфт кардааст.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон боздошти як ронандаи тоҷикро бо 12 килограм маводи мухаддир дар марзи Қазоқистон тасдиқ намуд.

Маҳмадшариф Ҳалимзода, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 27-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари боздоштшуда ронандаи мошини тамғаи “Опел” буда, ҳини ҳаракат аз самти Тоҷикистон ба Русия, дар ҳудуди Қазоқистон, аз сӯи марзбонон дастгир шудааст. Ба иттилои манбаъ, боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 20-уми сентяр сурат гирифтааст.

Ҳалимзода афзуд, барои шарҳи ҳодиса ба Вазорати умури дохилии Қазоқистон расман дархост ирсол намудаанд. Вале, ба қавли ҳамсӯҳбатамон ҷониби Қазоқистон бо далели он ки дар пай боздошти шаҳрванди Тоҷикистон амалиёти оперативӣ роҳандозӣ намудаанд, феълан аз ошкор намудани шахсияти гумонбар ва дигар ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд: “Ҳамин як кас будааст, дар ин самт бо Қазоқистон ҳамкорӣ дорем, вобаста ба ин ҳодиса гуфтугӯро сар кардаем, маълумоти бештар, ки дастрас кардем пешниҳод мекунем”.

“Қанатбек Солтанов, масъули Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қазоқистон низ рӯзи 27-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дарёфти 12 килограм маводи мухаддирро аз мошини шаҳрванди Тоҷикистон тасдиқ намуд. Ӯ гуфт, маводи мухаддир героин аст. Вай гуфт, аз ин бештар шарҳ дода наметавонад.

Зоҳиран ба далели тафтишоти изофӣ, мошинҳои зиёд дар марз дармонданд. Шаҳрвандон гуфтанд, чанд рӯз аст, ки наметавонанд, аз марзи Қазоқистон вориди Узбекистон шаванд. Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли чанд навор аз марзи Қазоқистону Узбекистон гуфтанд, марзбонон ҳар нақлиётро то чанд соат тафтиш мекунанд ва ба ин хотир мошинҳои зиёде дар марз ҷамъ шудааст.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳангоми бозгашт аз Русия ба ин вазъ дучор шуданд. Корбари Радиои Озодӣ гуфт: “Баъзе одамон як ҳафта шуд ҳаминҷо ҳастанд. Мусофиронро гузаштан намемонанд. Дар инҷо ягон шароит нест, на ошхона аст на ҳоҷатхона, кӯдакон ҳамроҳи мо ҳастанд, чанд касро ҳушаш канд. Худи мо як рӯз аст нон нахӯрдем. Интизорем, ки кай марзро мекушоянд. Пеш аз ворид шудан ба минтақаи нейтралии сарҳади Узбекистон аҳвол ҳамин хел аст”- мегӯяд, корбари Радиои Озодӣ. Мақомоти Узбекистон сабаби тамбашавии нақлиётро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Аммо як ронанда дар суҳбат ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтааст, маҳдудсозии фаъолияти гузаргоҳи марзӣ байни Узбекистону Қазоқистон ба ошкорсозии маводи мухаддир дар мошини се шаҳрванди Тоҷикистон рабт дорад. Мақомоти Қазоқистон ошкор кардани маводи мухаддир дар мошинро тасдиқ карданд.

Намояндаи Хадамоти марзбонии Қазоқистон хабар додааст, ки рӯзи 20-уми сентябр аз мошини марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон 12 килограм маводи мухаддир пайдо шуд. “Ман наметавонам, шахсияти шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро ошкор кунам. Онҳо ҳангоми убур аз марзи Қазоқистон боздошт шуданд"- гуфт намояндаи Хадамоти марзбонии Қазоқистон. Мақомоти тоҷик то ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Марзи Қазоқистону Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон хатсайри асосии сафар ба Русия ва ё баргашт ба ватан мебошад. Пештар шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Қазоқистон ва Қирғизистон аз Русия ба ватан бармегаштанд. Аммо баъди соли 2018 ва боз шудани марз сокинони Тоҷикистон талош мекунанд, асосан тариқи хоки Узбекистон баргарданд. Чун ба гуфтаи онҳо, роҳ тариқи Узбекистон наздиктар аст.

XS
SM
MD
LG