Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари маълулро маҳорат ба дидори модараш расонд


Элизабет Стоун, варзишгари ҷоизадор ва маълули амрикоӣ, баъди 20 сол волидони аслиашро дар як рустои дурафтода ва фақири Гурҷистон пайдо кард.

Элизабет Стоун, варзишгари соҳибҷоизаи маълули амрикоӣ, аслан намедонист, ки волидонаш, кистанду, чаро баъди ба дунё омаданаш аз ӯ даст кашидаанд. Дар Гурҷистони фарсахҳо дур аз Амрико хонаводаи Хуртсидзеҳо ҳам намедонистанд, ки фарзанди маъюби дар ятимхона гузоштаашон куҷо шуду чӣ ҳол дорад. Аммо баъди ба ҳам омадани онҳо, ҳама чӣ маълуму возеҳ шуд.

Баъди тақрибан 20 сол ва печухамҳои тақдир, хонаводаи Хуртсизедҳо дар як рустои дурдасти кӯҳистонии Гурҷистон ба дидори ҳам расиданд. Саҳнае, ки ашки ҳар шоҳиди онро дармеовард. Элизабет Стоун, шиновари маълули амрикоӣ ва ғолиби бозиҳои паралимпӣ баъди ду даҳсола дар ниҳоят ба дидори
модаре расид, ки ӯро ба дунё оварда буд. Модаре, ки бо бозгашти Элизабет, эҳсоси ҳиҷолату пушаймониашро ашки шодӣ иваз кард. Элизабет Стоун:

“Дар воқеъ ман аввал бародару хоҳарам, Лаша ва Теонаро дар наздикии деҳа дидам. Онҳо роҳро ба мо нишон доданд, маро ба мошин хонданд. Маълум аст, ки ман забони онҳоро намефаҳмам, вале Теона тамоми роҳ дасти маро гирифта буд. Вақте ба деҳа расидем, ман кӯдаконро дидам ва мардуми деҳаро. Вақте аз дарвозаи хона ворид шудем, ман модарам Лианаро дидам, ки нишаста буд. Бо дидани ман ба гиря сар кард.”

Достони тасаввурнопазири ба ҳам омадани ин хонавода тобистони соли гузашта шурӯъ шуд, баъди онки ба гуфтаи Элизабет, ӯ ба хонаи дигараш, ҳавзи шиноварии паралимпӣ баргашт. Элизабет Стоун соли 1990 бо нуқси модарзодӣ ба дунё омад. Пойи рости ӯ назар ба пойи чапаш кӯтоҳ буд, аммо бо вуҷуди ин бо истеъдоди варзишиаш ҳамеша дурахшидааст. Линда модархонди Элизабет физиотерапевте аз аёлати Мичигани Амрико аст ва баъди ба фарзанди гирифтанаш дар синни чаҳорсолагӣ, ӯро ба шиноварӣ бурд ва ҳосили тарбияаашро мебинад.



Варзишгари маълулро маҳорат ба дидори модараш расонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00
Линки мустақим




Соли 1998 Элизабет Стоун ба Бозиҳои Паралимпии Пекин рафт ва бо нишони нуқра баргашт. Соли гузашта дар ду навъи шиноварӣ дар масофаи 100 метр, ду нишони биринҷии Бозиҳои Паралимпии Лондонро аз они худ кард. Тасвири муввафақияти ин духтари қавиирода дар гузориши Радиои Озодӣ сабаб шуд, то ӯро дар зодгоҳаш бишносанд.

Барои худи Элизабет пайдо кардани волидони аслӣ ва донистани таърихи таввалудаш орзуи амалинашавандае буд. Аммо ба ин орзу расид ва баъди он ки як нафар ба дафтари Радиои Озодӣ дар Гурҷистон занг зада ва гуфт, ки аз хешовандони волидони аслии Элизабет Стоун аст.

Хабарнигори Озодӣ ҳам ба суроғи онҳо ба рустои кӯҳистониву камбизоати Дихашко дар ғарби Гурҷистон рафт ва Лиана Хуртсидзе, пиразани 73-сола бо
Лиана Хуртсидзе, модари ҳақиқии Елизабет Стоун
Лиана Хуртсидзе, модари ҳақиқии Елизабет Стоун
рухсораҳои фурӯрафтаву чашмони бимнокро дид, ки аз шунидани “Кетеван”, номи духтари раҳокардааш, меларзид. Лиана гуфт, ҳамеша дар ёди он кӯдакаш буд ва агар ӯро як бори дигар бинам, баъдан беормон мемирам:

Дар ниҳоят ман Кетиноро дидам. Ташаккур ба модархондаш, ки духтарамро ба ман нишон дод.”

Дар рӯзи ба ҳам омадани ин хонавода баъзе аз мардуми русто ҳам буданд ва ашк мерехтанд. Элизабет ҳам баъди дидани модар ва сӯҳбат бо онҳо дар ниҳоят сабаби раҳо шудани худро фаҳмиду ором гирифт. Волидонаш Лиана ва Амрбекӣ дугоник бузург мекарданд, ки саввумӣ маъюб ба дунё омад. Ба Лиана гуфтаанд, ки аз ӯҳдаи нигоҳубини ин се нафар барнамеояд ва аз ин рӯ фарзандашро гирифтанду “ба он хона” бурданд.
XS
SM
MD
LG