Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури собиқи Амрико даргузашт


Ҷорҷ Буш дар рӯзи 29-уми марти соли 2012
Ҷорҷ Буш дар рӯзи 29-уми марти соли 2012

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури 41-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар синни 94-солагӣ даргузашт. Ӯ ки аз соли 1989 то соли 1993 раиси ҷумҳури Амрико буд рӯзи 30-уми ноябр фавтидааст.

Ҷорҷ Буши хурдӣ писари ӯ, ки мисли падараш раиси ҷумҳури Амрико шуд, дар як баёния дар Твиттер гуфт, “Бо таассуф эълон мекунем, баъди 94 соли чашмгир падари мо фавтид.” Баёнияи ӯро Ҷим Макграф, сухангӯи хонавода дар Твиттер нашр кард.

Дар баёния омадааст, ки Ҷорҷ Буш соати 10:10 дақиқаи рӯз ба вақти Амрико ҷон додааст. Дар бораи сабабҳои маргаш то кунун чизе нагуфтаанд. Вале худаш дар соли 2012 гуфт, ки бемории Паркинсон дорад, ки қудрати ҳаракати инсонро бисёр маҳдуд мекунад.

Ҷорҷ Буш назар ба ҳар раиси ҷумҳури пешини дигари Амрико умри дарозтар дид. Ҳамсараш Барбара Буш, дар 73-солагӣ ва рӯзи 17-уми апрели соли 2012 даргузашт.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 1-уми декабр бо нашри як баёнияе кӯтоҳе дар Твиттер навишт, ки ӯ ва хонумаш Мелания Трамп “ҳамроҳ бо миллати ғамдор, аз ин талафот азо гирифтаанд.”

“Ӯ бо заковати зотӣ, ақли меҳрангез, эътиқоди пойдораш ба дин, хонавода ва кишвар, раиси ҷумҳур Буш, наслҳои амрикоиро илҳом бахшид, ки барои ҷомеа хидмат кунанд” -омадааст дар баёнияи Доналд ва Мелания Трамп.

Ба сабаби марги Ҷорҷ Буш, парчами Амрико дар Кохи Сафед рӯзи 1-уми декабр нимаафрохта монданд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар як баёнияе гуфт, ки Амрико як меҳанпараст ва хидматкори хоксорашро талаф дод.” Ба гуфтаи ӯ, Ҷорҷ Буш на танҳо ба ҳайси раиси ҷумҳур, балки 70 соли дигар барои кишваре, ки дӯст медошт, хидмати софдилона кард.

Барак Обама ҳамчунин гуфтааст, ки Ҷорҷ Буш хислатҳое дошт, ки “бо хидмат барои дигарон ин кишварро бузург мекард. Аҳдаш ин буд, ки чизи хубе аз худ боқӣ бигузорад. Хислаташ фидокорӣ барои наздик кардани кишвар ба арзишҳое аслии Амрико буд.”

XS
SM
MD
LG