Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори нахустин мақоми хориҷӣ бо Мурсӣ


Эштон дар мулоқот бо генерал Сисӣ
Эштон дар мулоқот бо генерал Сисӣ

Кетрин Эштон мегӯяд, рӯзи 29 июл бо раисиҷумҳури барканоршудаи Миср ду соат мулоқот доштааст, вале намедонад, ки ӯ дақиқан дар куҷост?

Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ аз ҳамаи тарафҳо хост, буҳрони бавуҷудомадаро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.


Дидори Эштон бо Мурсӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим


Буҳрони сиёсӣ дар Миср баъди он шурӯъ шуд ва ба хунрезӣ печид, ки артиши Миср рӯзи сеюми июл Муҳаммад Мурсиро аз мақомаш барканор кард. Кетрин Эштон рӯзи 29 июл бо Мурсӣ дар маҳалле, ки то ҳол махфӣ нигаҳ дошта мешавад, ду соат мулоқот кардааст. Ӯ ҳамчунин бо фармондеҳи артиши Миср генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ, дастандаркори сарнагун кардани раиси ҷумҳур ва раҳбарони ҳукумати муваққат ва ҳам бо мухолифони исломгарои ин ҳукумат гуфтугӯ кардааст.

Кетрин Эштон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарие дар шаҳри Қоҳира гуфт, ки ҳоли Муҳаммад Мурсӣ хуб аст ва ба рӯзномаҳову телевизион дастрасӣ дорад: “Ҳоли ӯ хуб аст ва мо ду соат гуфтугӯи дӯстонаву боз ва бисёр самимӣ доштем. Ман ҷойи ӯро дидам, вале намедонам, куҷост? Ман утоқҳои ӯро дидам ва мо сӯҳбати гарме доштем. “

Кетрин Эштон ҷузъиёти сӯҳбаташонро ошкор накард. Муҳаммад Мурсиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони фаластинии Ҳамос боздошт кардаанд, ки гӯиё дар ошӯбе дар зиндони Миср даст доштааст. Муҳаммад Мурсӣ соли 2011 ҳангоми қиёмҳои мардумӣ, ки бо суқути режими сисолаи Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфт, бо теъдоде аз зиндониёни дигар аз маҳбаси Водӣ-ал-Натруни Қоҳира фирор кард.

Аз рӯзи 3 июл то кунун маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигаҳ медоранд?

Кетрин Эштон ҳамчунин гуфт, дар мулоқот бо раҳбарони Миср гуфтааст, ки буҳрон дар ин кишварро танҳо бо ҷалби ҳамаи тарафҳо ҳал кардан мумкин аст: “Ман аз ҳама тарафҳо хостам, то дар бораи шеваи ҷалби ҳамаи тарафҳо ба ҷараёни сиёсӣ амиқ андеша кунанд, зеро ин фавқуллода муҳим аст. Ман инро идомаи “бунёди демократияи комил” медонам, идомаи кори ҳукумати ғайринизомӣ, интихобот бо ҳузури ҳама ва бунёди ниҳодҳое, ки дар оянда демократияи комил барои кишварро замонат диҳад.”


Тазоҳуроти тарафдорони Мурсӣ
Тазоҳуроти тарафдорони Мурсӣ
Баъди сар задани буҳрони амиқи сиёсӣ дар Миср, қабл ва баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, бори дуввум аст, ки масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба ин кишвар сафар мекунад. Дар сафари қаблиаш ба ӯ иҷоза надоданд, ки бо Муҳаммад Мурсӣ мулоқот кунад. Ӯ гуфт, як шарти бозгашташ ба Миср мулоқот бо раисиҷумҳури барканоршуда будааст.

Кетрин Эштон рӯзи якшанбе, як рӯз баъд аз онки даҳҳо нафар аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ дар тазоҳуроте дар шаҳри Қоҳира кушта шуданд, ба Миср ворид шуд. Аз замони барканории Мурсӣ то кунун дар муноқишаҳо дар ин кишвар тақрибан 300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG