Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "қарори махфӣ" то ҳиҷобу "ҷиҳодиён". Бознигарии озодиҳои динӣ дар Узбекистон?


Мақомоти Узбекистон ба ниҳодҳои умури дохилии ноҳияҳои Бешариқ, Фурқат ва Узбекистони вилояти Фарғона дастур додаанд, ки назоратро ба тақводорони тундрав дар ин минтақаҳо сахттар кунанд. Ба гуфтаи як намояндаи ниҳодҳои интизомӣ, ин қарор замоне гирифта шуд, ки рӯзи 10-уми октябр дар деҳаи Деҳқонтӯдаи ноҳияи Бешариқ гуруҳи махфие бо номи "Ҷиҳодиён" кашф ва чанд узви он боздошт шуданд. "Боздоштшудаҳо аз 10 нафар бештаранд", -- гуфт ин манбаъ.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 16-уми октябр аз боздошти чандин узви созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона хабар дод.

"Солимгардонии муҳити динӣ"

Ба маълумоти "Озодлик" ё Бахши узбекии Радиои Озодӣ, ҳоло дар ин се вилоят таҳти унвони "Солимгардонии муҳити динӣ" бо ширкати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти Амнияти Узбекистон ва омӯзгорони мактабҳо вохӯриҳо бо аҳолӣ ҷараён доранд. Дар онҳо гуфта мешавад, бояд ба наврасону ҷавононе диққати махсус дод, ки дар телефонҳои худ мавъиза ё даъватҳои диниро насб ва паҳн мекунанд.

Сабти садоии яке аз чунин ҷамъомадҳо дар як мактаби Андиҷон, ки дастрас шудааст, нишон медиҳад, онро намояндагони ВКД, Кумитаи занон ва Иттиҳоди ҷавонон раҳбарӣ кардаанд.

Айни чунин наворро як корбар аз ҷаласае дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Шаҳрихон фиристодааст.

"Парвандаҳои динӣ" ба додгоҳҳо баргаштанд

Ба қавли як корманди Додгоҳи вилояти Андиҷон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, пас аз танаффуси дусола додгоҳҳо ба баррасии парвандаҳои динӣ оғоз кардаанд. Аммо, афзуд ӯ, ба монанди гузашта барои солҳои зиёд маҳкум кардани гумонбарони тундгароии динӣ дида намешавад.

"Ҳоло бештар ҷарима ё ҳабси маъмурӣ мешаванд. Ба наздикӣ таҳти сарварии додрас Носирҷон Расулов ду бародар -- Н.Э. ва А.Э. яке ба 4 ва дигаре дуним сол зиндонӣ шуданд", -- гуфт ин корманди додгоҳ.

Вай афзуд, дар як моҳи гузашта зидди чандин гумонбаршудаи омодагии сафар ба Сурия ва Ироқ ё узвияту ҳамдастӣ бо Ҳаракати Исломии Узбекистон, Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ва ДОИШ парванда оғоз ёфтааст.

Озодшудагонро дубора ба зиндон андохтанд

Таҳқиқи хабарҳои боздошти тундгароёни исломӣ дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона нишон дод, ки чанде аз боздоштшудагон аз зумраи афроде ҳастанд, ки дар гузашта бо айни иттиҳомот ба муддатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд.

Инро худи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон низ дар баёнияи расмияш зикр намуда, гуфтааст: "Бо вуҷуди ёриҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ, ин афрод таблиғоти ғайриқонунии худро дар байни аҳолӣ идома дода, шахсони наверо ба сафҳои худ фаро мехонанд. Як дафъа пушаймон шуда, аз андешаҳои тундгароёна даст кашида, дар маҳбас адои ҷазо карда, имрӯз боз ҳамон ҷиноятҳои гузаштаро такрор мекунанд."

Шумораи умумии дубора боздоштшудагон маълум нест, вале тахмин меравад, ки ҷустуҷӯ, назорат ва боздоштҳо хосияти маъракаро касб кардаанд ва пеш аз ҳама се вилоятеро фаро мегиранд, ки дар гузашта, ба гуфтаи мақомот, тундгароии исломӣ дар онҳо бештар будааст.

"Қарори махфӣ"

Манобеи "Озодлик" мегӯянд, дар асоси қарори махфии №4437, ки раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 4-уми сентябри соли 2019 имзо кардааст, дар саросари кишвар аз нав ба таҳияи рӯйхатҳои махсус шуруъ кардаанд.

Қарори махфӣ

Бино ба ин санад, ба Вазорати корҳои дохилии Узбекистон фармуда шудааст, ки ба диндорони тундрав дар кишвар назорати ҷиддӣ ҷорӣ намояд.

Дар он гуфта мешавад: "Вазорати корҳои дохилӣ шахсонеро шиносоӣ мекунад, ки ба равияҳои ғайрирасмии динӣ пайвастаанд, ҳамчунин раҳбарони созмонҳои тундрав ва ифротиро муайян мекунад ва аз чораҳои амалии худ дар ин самт гузориш медиҳад."

Дар ҳамин қарор, ки "Солимгардонии муҳити динӣ" унвон шудааст, аз тоҷирону соҳибкорон тақозо меградад, воридоти сарулибоси динии мавсум ба ҳиҷобро аз хориҷа ба Узбекистон қатъ кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳрҳои Узбекистон ва матбуоту шабакаҳои телевизионии он таблиғи сарулибоси исломӣ бемонеа идома дорад.

Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон бар хилофи давраи президентии Ислом Каримов ба озодиҳои динӣ вусъат дода шуд, аммо ба назар мерасад, акнун давраи маҳдудиятҳои динӣ дубора фаро мерасад.

XS
SM
MD
LG