Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори муҷозоти омилони қатли рӯзноманигорон шуд


Созмони Милали Муттаҳид аз мавориди зиёди муҷозот нашудани омилони қатли хабарнигорон дар кишварҳои ҷаҳон ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки аз 10 ҳодисаи қатли журналистон, дар 9 маврид омилони он аз ҷазо дар канор мемонанд.

Дар баёнияи СММ, ки рӯзи 2 ноябр дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии поёни ҷароим алайҳи рӯзноманигорон дар торнамои ин ниҳод мунташир шудааст, ин созмон аз кушта шудани беш аз 800 журналист дар даҳ соли ахир хабар додааст. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ба додгоҳ кашида нашудани омилони қатли хабарнигорон, боиси афзоиши куштори журналистон шудааст, ки дар минтақаҳои доғи ҷаҳон гузориш мекунанд.

СММ мегӯяд, ки ба додгоҳ кашида нашудани омилони қатли хабарнигорон, боиси афзоиши куштори журналистон шудааст."

Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии журналистон, дар соли ҷорӣ дар кишварҳои ҷаҳон 66 хабарнигор ҳангоми адои вазифаи худ ҷон бохтаанд. Тибқи гузориши ин манбаъ, бештари қурбониён ба Афғонистон (11 нафар) рост омада, дар Мексика ва Ироқ 5 нафарӣ ва дар кишварҳои дигар аз 5 то 1 нафарӣ хабарнигорон кушта шудаанд.

Корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар Тоҷикистон низ аз мавориди фишору таъқиб ва зиндонӣ шудани хабарнигорони мустақил ибрози назар кардаанд. Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, муассиси нашрияи мустақили “Нигоҳ” навиштааст: “Даҳҳо хабарнигори тоҷик ҷилои ватан кардаанд, се журналист зиндонӣ шуда ва як нафари онҳо ба озодӣ баромадааст. Воситаҳои ахбори умуми мустақил зери бори фишори гаронанд...”

Зимнан, Маҳмадюсуф Исмоилов аз ҷумлаи чунин хабарнигорони мустақил аст, ки дар соли 2013 ба иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” ва гирифтани пора ба миқдори 400 сомонӣ, ба муддати 11 сол равонаи зиндон шудааст. Исмоилов чанде қабл дар номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз бегуноҳ будан ва “ба ватан хиёнат накардан” навишта ва хостори мусоидат ба озод шудан аз маҳбас шудааст. То ҳол ба ин нома посухе нарасидааст.

Раҷаби Мирзо.
Раҷаби Мирзо.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори мустақил навиштааст, ба умеди ҳимояти созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар нашуда ва дастҷамъона худамонро худамон дифоъ кунем. “Шиор: Ҳамаи моро маҳкум карда наметавонед!”.

Дар иҷлосияи 68-уми Маҷмааи умумии СММ дар соли 2013 қатъномае тасвиб гардид ва рӯзи 2 ноябр Рӯзи байналмилалии поёни ҷароим алайҳи рӯзноманигорон эълон шуд. Дар қатънома аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки дар муқобила бо ҳодисаҳои қатли бидуни ҷазои журналистон ҷораҳои мушаххас андешида ва барои фаъолияти озоди журналистон шароити мусоид фароҳам кунанд.

Ин сана дар иртибот ба марги ду хабарнигори фаронсавӣ дар кишвари Малии Африқо дар рӯзи 2 ноябри соли 2013, ҳамчун Рӯзи байналмилалии поёни ҷароим алайҳи рӯзноманигоро эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG