Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз амнияти Олимпиадаи Сочӣ


Томас Бач, раиси Кумитаи ҷаҳонии олимпӣ дар пайи таркишҳои рӯзҳои гузашта дар Волгоград, ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия нома навиштааст.

Ин нома дар ҳоле мунташир мешавад, ки мақомҳои австралиёӣ гуфтаанд, дар ҳоли баррасии вазъи амниятӣ дар Русия ҳастанд, то дар ниҳоят дар мавриди ширкат дар олимпиадаи зимистонии дар пешистода дар он кишвар, тасмим бигиранд.

Томас Бач дар паёме, ки барои Путин фиристодааст, зимни ибрози ҳамдардӣ бо қурбониёни таркишҳои Волгоград, гуфтааст: "Мутмаинам, ки барои эҷоди амнияти варзишгарон ва ҳама касоне, ки дар бозиҳои олимпӣ ҳузур пайдо мекунанд, ҳама кор анҷом шудааст." Амрико низ пешниҳод кардааст, бо Русия барои "эҷоди амнияти бозиои Сочӣ" ҳамкории комил бикунад.

Расонаҳо ва бархе таҳлилгарон дар кишварҳои гуногун низ тайи ду рӯзи гузашта ба таври густурдае ба ин мавзӯъ пардохта ва аз нигарониҳои пешомада дар мавриди амният дар бозиҳои зимистонии олимпӣ дар Сочӣ гуфтаанд.

Волгоград, ки тақрибан дар 700 километрии Сочӣ, макони баргузории олимпиадаи зимистонӣ ҷойгир аст, рӯзҳои якшанбе ва душанбе, дар камтар аз 24 соат, саҳнаи ду таркиши маргбор буд. Бар асари ин ду таркиш ба гуфтаи мақоми Русия ҳадди ақал 34 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷон бохтаанд. Давлати Русия ҳар ду таркишро ҳамлаи "террористӣ" номида аст.

Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти таркишҳоро ба ӯҳда нагирифтааст ва бинобар гузоришҳо, кормандони амниятӣ дар шаҳри Волгоград даҳҳо танро боздошт кардаанд. Хабаргузориҳо навор ва паёмеро аз қавли раҳбари шибҳи низомиёни Қафқоз, ки дар тобистони соли гузашта нашр шуда ва дар он аз ҳама нерӯҳои худ хоста буд, "бо тамоми қувва" пеши баргузории олимпиада дар Сочиро бигиранд, мунташир кардаанд. То оғози Бозиҳои олипии зимистонӣ дар Сочӣ шаш ҳафтаи дигар мондааст.

Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи сешанбе дар аввалин ишорааш ба таркишҳо дар шаҳри Волгоград гуфтааст, ки давлаташ то нобудии комили террористҳо мубориза хоҳад кард. Оқои Путин дар паёме ба муносибати оғози соли нави милодӣ гуфт: "Итминон медиҳам, ки мубориза бо террористҳоро то решакан шудани комили онҳо бо шиддат ва ба таври давомдор идома хоҳем дод."
XS
SM
MD
LG