Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнаву ғорҳои бештар. Заминҳои Эрон фурӯ мераванд


Бисёре аз гӯшаҳои Эрон соли 2018 шоҳиди хушксолии сахте шуд ва барои рафъи камбуди об мақомот ҳарчӣ бештар ба манобеи зеризаминии об рӯ оварданд.

  • Аммо истифодаи беш аз ҳад, оқибатҳои бади зиёд ҳам доштааст. Масалан, ғорҳову рахнаҳои амиқе, ки дар гӯшаҳои зиёде аз кишвар пайдо шудаанд, натиҷаи заминларза не, балки паёмади истифодаи беш аз ҳадди обҳои зеризаминӣ аст.
Ҷойҳое ҳастанд, ки мардуми зиёде зиндагӣ мекунанд. Баъзан зерсохторҳои ҳассосе мисли фурудгоҳ дар онҷо қарор гирифтаанд

Сиёвуш Арабӣ, харитасози Маркази Миллии Харитасозӣ дар Эрон шарҳ медиҳад, ки чаро ғорҳои хатарнок зиёд шудаанд. "Вақте обҳои зеризаминиро берун мекашед, як фазои холӣ дар байни замин эҷод мешавад. Оҳиста-оҳиста қабати болоӣ фишор меорад ва хокҳо ба ҳам мечаспанд ва минтақа фурӯ мерезад ва шикоф ба вуҷуд меояд", - мегуяд ӯ.

Чун Эрон ҳоло дучори хушксолӣ аст, барои обёрии киштзорҳо дар ин кишвари гарму хушк обҳои зиёди зеризаминиро бо насос боло мекашанд. Аз ин сабаб замин фӯру меравад ва дар баъзе ҷой ғорҳое бо умқи 60 метр пайдо шудаанд. Дар умум ин фурӯнишастҳо оқибатҳои баде барои зербунёд ва иқтисод дорад.

"Падидаи фурӯнишаст, як падидаи мухарриб (вайронгар) аст. Асароти онро мисли зилзила зуд эҳсос намекунем, вале осоре, ки ба бор меорад, батадриҷ ва мухарриб аст. Заминҳои кишоварзиро вайрон мекунад, дар сатҳи замин тарқиш ба вуҷуд меорад, ба манотиқи маскунӣ осеб мерасонад. Ба системаи фозилоб (партов) таъсири манфӣ мерасонад, дар роҳҳо тарқиш ба вуҷуд меорад ва ба лӯлаҳои газ осеб мерасонад”, - шарҳ дод харитасози эронӣ.

Мутахассисон маълум кардаанд, ки дар ҷануби Эрон замин то 42 сантиметр дар як сол фурӯ нишастааст, ҳарчанд бояд аз 2 то 3 сантиметр бошад. Дар баъзе аз маҳаллаҳо дар ҷануби Теҳрон аломатҳои возеҳи фурӯ рафтани замин дида мешавад. Дар хонаҳо тарқишҳои васеъ пайдо шуда ва онҳоро барои зиндагӣ хатарнок кардаанд.

Истифодаи беш аз ҳадди обҳои зеризаминӣ чунин ғорҳоро ба вуҷуд меоранд
Истифодаи беш аз ҳадди обҳои зеризаминӣ чунин ғорҳоро ба вуҷуд меоранд

“Хатари фурӯнишастагӣ бисёр зиёд аст. Бисёре аз ҷойҳо, ҷойҳое ҳастанд, ки мардуми зиёде дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъзан зерсохторҳои ҳассосе мисли фурудгоҳ онҷо қарор гирифтаанд”, – мегӯяд Масъуд Шафиӣ, мудири Маркази Миллии Харитасозии Эрон.

Соли 2018 дар 97 дар сади Эрон мардум шоҳиди хушксолӣ шудаанд. Ба гуфтаи баъзе аз донишмандон, мудирияти нодуруст дар истифодаи об, вазъро бадтар кардааст.

Тобистони соли гузашта норасоии об дар ҷануби Эрон тазоҳурот барангехт. Бо идомаи хушксолӣ, ба вуҷуд омадани рахнаву ғорҳои бештар ба гуфтаи мутахассисон “аломати мушкилоти амиқтар“ дар Эрон аст.

XS
SM
MD
LG