Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи эрониҳои маҳбус ба Ҳасани Руҳонӣ аз зиндони Душанбе


Се маҳбуси эронии зиндонҳои Тоҷикистон ба унвони президенти мунтахаби Эрон нома фиристода, хоҳиш кардаанд, ки ба вазъи онҳо расидагӣ кунад.

Акбари Асғарзода, яке аз зиндониҳои маҳбаси шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми июн дар тамоси телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки вай ва боз ду ҳамватани дигараш, ки дар зиндонҳои пойтахти Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба унвони президенти тозаинтихоби Эрон нома навишта, хоҳиш кардаанд, ки ба вазъи онҳо расидагӣ кунад.

Акбари Асғарзода афзуд, ки онҳо номаи мазкурро рӯзи панҷшанбе ба воситаи наздиконашон аз маҳбас берун бароварданд, то битавонанд ба идораҳои сомонаҳо ва рӯзномаҳо расонанд: «Мо номаи худро аз тариқи расонаҳо ва хусусан аз тариқи сайти хусусии Ҳасан Рӯҳонӣ ба ӯ ирсол хоҳем дошт.»

Вай гуфт: «Мо дар номаи худ зикр кардем, ки президент Аҳмадинажод ва сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба муроҷиатҳои пайвастаи мо аҳамият намедиҳанд ва барои беҳбудии вазъи мо ҳеҷ чорае надидаанд. Дар инҷо дар нисбати мо ҳукмҳои ноодилона сурат гирифтааст ва бояд бозбинӣ шаванд, вале ҳеҷ касе ба додамон намерасад.»

Зери ин нома Акбари Асғарзода, Суҳроби Ҷалилӣ ва Алиризо Некномӣ - маҳбусони зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе имзо гузоштаанд. Инҳо маҳбусоне мебошанд, ки бо ҷурми тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ ва авбошӣ дар солҳои мухталиф аз тарафи додгоҳҳои Тоҷикистон маҳкум шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон наздик ба 20 нафар аз шаҳрвандони Эрон бо ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла фасоди молӣ ва тақаллубкорӣ зиндонӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG