Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи истеъфои нахуствазири Ироқ баъди кушта шудани 400 нафар


Одил Абдулмаҳдӣ гуфт, истеъфо медиҳад, аммо нагуфт, ки кай
Одил Абдулмаҳдӣ гуфт, истеъфо медиҳад, аммо нагуфт, ки кай

Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ, баъд аз тақрибан ду моҳи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар, ки беш аз 400 кушта ба ҷой гузошт, гуфт, аз қудрат канорагирӣ мекунад. Вай рӯзи 29-уми ноябр дар изҳороте эълом кард, ки ба зудӣ номаи истеъфояшро ба порлумон месупорад ва қонунгузорон метавонанд ҳукумати навро ташкил диҳанд.

Ин густурдатарин эътирозҳо аз замони сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн, раиси ҷумҳури пешини Ироқ дар соли 2003 аст. Эътирозгарон хоҳони барканории табақаи ҳоким ҳастанд ва онҳоро олуда ба фасод ва таъминкунандаи манфиатҳои қудратҳои хориҷӣ медонанд.

Абдулмаҳдии 77-сола ҳамагӣ як сол пеш ба мақоми нахуствазири Ироқ расида буд, аммо дар изҳороти ӯ дақиқ гуфта нашудааст, ки кай ба истеъфо меравад.

Пештар аз ин, Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ, марҷаи тақлиди шиаи Ироқ, истифода аз нирӯ ба зидди эътирозгаронро маҳкум кард ва аз порлумон хост, аз ҳимояти ҳукумат даст бардорад.

Даъвати Сиистонӣ баъди он садо дод, ки рӯзи панҷшанбеи 28-уми ноябр дар ҷараёни эътирозҳо дар Ироқ аз кушта шудани беш аз 40 нафар гузориш шуд.

Эътирозҳои Ироқ аз аввали моҳи октябр бо шиорҳое ба зидди фасод, бекорӣ ва нуфузи Эрон дар Ироқ оғоз ёфт. Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ дар паёми худ гуфт, зоҳиран давлат барои ҳалли мушкилоти тайи ду моҳи гузашта нотавон буд ва акнун намояндагони маҷлис бояд интихоби худро бикунанд ва ҳар иқдоме, ки ба манфиати Ироқ аст, анҷом диҳанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ҳамла ба эътирозҳои сулҳомез мамнуъ аст. Ин раҳбари динии пурнуфузи шииён аз эътирозгарон низ хост, аз корҳои хушунатомез парҳез кунанд.

XS
SM
MD
LG