Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Ислом Каримовро аз телевизионҳо бардоштанд


Шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла ширкати миллии радио ва телевизиони Узбекистон огоҳӣ гирифтаанд, ки аз ин ба баъд дар гузоришу барномаҳои худ аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи он кишвар, ном набаранд. Ин огоҳӣ дар оғози ҳафтаи равон дастрас шудааст.

Ҳоло ба забон овардани номи Каримов хатарноктар аз он аст, ки номи Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҷунбиши Исломии Узбекистонро ба забон биоварӣ

Дастури мушовири президент

Яке аз барандаҳои шабакаи телевзионии Узбекистон рӯзи 22-юми август ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ин дастур аз номи мушовири президент Хайриддин Султонов ворид шуд. "Раҳбарият ба мо гуфт, ки агар номи Каримов дар эфир садо диҳад, саратонро мегирам. Ин амри мушовири президент аст”, - нақл кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Сармуҳаррири барномаҳои яке дигар аз телевизионҳои Узбекистон гуфт, ин на тавсия, балки тақозо аст. Ӯ гуфт, зиёиёни куҳансол баъзан дар суҳбатҳои худ аз Ислом Каримов ёдоварӣ мекунанд ва онҳо маҷбур шуданд, ки аз даъвати чунин "гуруҳи риск" ба барномаҳо худдорӣ намоянд.

Дар матнҳо номи Каримовро меҷӯянд

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, манъи истифодаи номи Ислом Каримов дар барномаҳои телевизионии Узбекистон дар асл як моҳи пеш ҷорӣ шуда буд.

"Дар ҷаласаи рӯзи душанбе як бори дигар дар ин бора ба мо гӯшзад карданд. Дар оғози имсол ба мо тавсия дода буданд, ки ҳарчи камтар аз Ислом Каримов бигӯем. Бештар дар бораи “юртбошӣ” Шавкат Мирзиёев гап занем. Як моҳ аст, ки муҳаррирон дар матни барномаҳо номи Ислом Каримовро ҷуста, онро зуд ҳазф мекунанд. Ҳоло ба забон овардани номи Каримов хатарноктар аз он аст, ки номи Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҷунбиши Исломии Узбекистонро ба забон биоварӣ", - афзуд ӯ.

Ба қавли журналист, шабакаи “Ёшлар”-и Узбекистон натанҳо истифодаи номи Ислом Каримов, балки намоиши аксу ҳайкалҳои ӯро манъ кардааст.

  • Аммо ба хабарнигори Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки дар ин бора шарҳи Ширкати миллии радио ва телевизиони Узбекистонро бигирад.

Аксу иқтибосҳои раиси ҷумҳури собиқро нобуд мекунанд

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти як пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Узбекистон барои насби акси Ислом Каримов дар маҷлисгоҳ ҳушдор гирифтааст. Ба қавли як донишманди узбек, ҳангоми ҷаласа раҳбарияти Академия амр додааст, ки ҳамаи аксу иқтибосҳои Ислом Каримов нест карда шавад.

Моҳи июни имсол як донишшҷӯи Донишгоҳи давлатии Бухоро низ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки тамоми китобҳои Каримовро аз донишгоҳ ба корхонаи коркарди коғаз бурдаанд.

"Мо ҳеч дастур нагирифтаем"

Дар намояндагиҳои дипломатии Узбекистон дар хориҷа ҳанӯз акси Ислом Каримов дида мешавад. Аз ҷумла дар сафорати Узбекистон дар Берлин. Азим Озодов, корманди сафорати Узбекистон дар Олмон, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, барои барчидани акси Ислом Каримов ҳеч дастур нагирифтаанд.

“Гузашта аз ин, дар даромадгоҳи сафорат мисли пешина номи президенти нахустини Узбекистон бо мармар навишта шудааст”, - гуфт ӯ.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, ки 27 сол зимоми қудрат дар он кишварро ба даст дошт, моҳи сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG