Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 41 нафар дар ҳамлаи Кобул. ВИДЕО


Дар пайи ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр ба бинои як маркази фарҳангӣ ва қароргоҳи хабаргузории "Садои афғон" дар ғарби шаҳри Кобул, 41 нафар ҷон бохта ва 84 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ваҳид Маҷрӯҳ, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни кушташудагон 35 мард, 4 зан ва 2 кӯдак мебошанд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Бинобар оморҳои созмони "Гузоришгарони бидуни марз", ки як гурӯҳи мудофеи озодиҳои расонаҳо дар ҷаҳон аст, Афғонистон дар зумраи хатарноктарин кишварҳо барои кори расонаҳо ба шумор меравад.

Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳама қурбониёни ин ҳамла ғайринизомиён ҳастанд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимӣ, ҳамлаи аввал интиҳорӣ буд ва ба дунболи он ду таркиш рух додааст.

Нусрат Раҳимӣ дар идома гуфт, ки ин таркиш дар як маркази таълимӣ-фарҳангӣ ба номи "Тибён" сурат гирифтааст. Аммо Ҳасан Ҳусайнӣ, масъули хабаргузории "Садои афғон" дар маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин як ҳамлаи интиҳорӣ буд ва ҳамлаварон дохили дафтари кории онҳо шуданд. Ба гуфтаи вай, шуморе аз кормандони онҳо дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ин масъули хабаргузории "Садои афғон" айни ҳол ба бахши форсии радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки ҳини ҳодиса ҳамоиши донишҷӯён дар ин дафтар идома дошт. Ба гуфтаи ӯ, ин нишасти илмӣ-таҳқиқотӣ барои баррасӣ дар робита ба ҳамлаи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Афғонистон, ихтисос ёфта буд. Гурӯҳи Толибон даст доштани худ дар ин ҳамларо радд кардааст. Арги раёсати ҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо маҳкум карда ва онро ҷинояти зиддибашарӣ хондааст.

Ҳалокати 41 нафар дар ҳамлаи Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи давлати Афғонистон бо судури як баёния ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, "ҳамлаи ба марказҳои фарҳангӣ ва расонаӣ ба маънои ҳамла ба маданият ва дастовардҳои мардуми Афғонистон аст." Вай дар идома гуфтааст, ки террористон мехоҳанд бо чунин ҳамлаҳои буздилона, террористӣ ва ҷинояткорона, арзишҳои муштараки кишварро садама зада ва садои шаҳрвандонро хомӯш кунанд ва ҷаҳлу ваҳшатро ҷойгузини он созанд.

Бо авҷ гирифтани фаъолиятҳои Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ", шаҳри Кобул дар моҳҳои гузашта шоҳидин хунинбортарин ҳамлаҳо дар солҳои ахир будааст. Ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр охирин маврид аз ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба расонаҳои Афғонистон дар солҳои гузашта аст. Бинобар оморҳои созмони "Гузоришгарони бидуни марз", ки як гурӯҳи мудофеи озодиҳои расонаҳо дар ҷаҳон аст, Афғонистон дар зумраи хатарноктарин кишварҳо барои кори расонаҳо ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG