Суруди "Олé-Олé-Олé!"-и Слепаковро дар ду рӯз беш аз 3,5 миллион одам тамошо карданд. Ӯ дар ин суруд аз бозии футболбозони рус, ки ҳатто наметавонанд Қодировро мағлуб созанд, шикоят мекунад.
Раисҷумҳури Чеченистон аз Слепаков нахост, ки узр пурсад. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишт, ки "бо шунидани суруд аз таҳти дил хандид". Қодиров Слепаковро ба шаҳри Грозний ба меҳмонӣ хоста, шеъри ҷавобиеро нашр кард.