Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дастур дод, ки амрикоиҳоро аз Вардак ихроҷ кунанд


Раиси ҷумҳури Афғонистон ба вазири дифои худ фармон дод, ки нерӯҳои вижаи Амрикоро аз вилояти Вардак ихроҷ кунад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба вазири дифои кишвараш Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ фармон дод, ки нерӯҳои вижаи Амрикоро дар зарфи ду ҳафта аз вилояти Вардак берун кунад.

Эймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълом кард, ки ин тасмим рӯзи якшанбе дар нишасти Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гирифта шуд.

Ҷаноби Файзӣ иллати инро ба иқдомоти сарбозони маҳаллии афғон рабт дод, ки бо нерӯҳои вижаи Амрико хидмат мекунанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон вазифа доранд, ки масъулияти таъмини амнияти минтақаро ба дӯш гирифта ва ба чунин хушунатҳо поён диҳанд

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон нерӯҳои вижаи Амрико мустақар дар вилояти Вардакро ба «эҷоди бесуботӣ ва озору азияти мардуми маҳаллӣ» муттаҳам кард.

Файзӣ, аз ҷумла, ба ғайб задани нӯҳ нафар баъд аз як амалиёти вижаи амрикоиҳо дар вилояти Вардак алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ишора кард.

Мусаллаҳони маҳаллӣ бошанд, дар даст доштан дар куштори ваҳшиёнаи як донишҷӯ дар Вардак гумонбар шудаанд.

Оқои Файзӣ аз нерӯҳои НАТО ва Амрико хостааст ҷилави чунин фаъолиятҳои вижаи амрикоиро бигиранд. Ҳайати фармондеҳии ИМА изҳор намуд, ки иттиҳом алайҳи низомиёнашро ба таври ҷиддӣ тафтиш хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG