Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи решаҳо. ВИДЕО


Аида Одрӣ
Аида Одрӣ

Аида Одрӣ, духтари 12-солаи қирғиз, ки ҷуфти амрикоӣ ёздаҳ сол пеш ӯро ба фарзандӣ гирифт, чанде пеш ба хонаашон ба Амрико баргашт. Ӯ, ки 6 моҳ дар Бишкек бо волидони амрикоиаш зиндагӣ кард, ба хона бо ҳадяҳои зиёд ва муҳимтар аз ҳам бо таассуроти хуб аз зодгоҳаш бармегардад.

Волидонаш Аида Одриро ҳангоми ҳаштмоҳагӣ аз кӯдакистони Токмоки Бишкек бурданд. Ҳеҷ гоҳ пинҳон надоштанд, ки ӯро ба фарзандӣ гирифтаанд. Баръакс, дар овони кӯдакии ӯ, расму одат ва фарҳанги қирғизҳоро омӯхтанд. Дар чорабиниҳои сафорати Қирғизистон дар Амрико фаъолона ширкат мекарданд.

"Вақте бори аввал омадем, волидони ҷавон будем. Тамошо накардем, дар ташвиши кӯдакамон будем. Ҳоло марказҳои тиҷоратии зиёд пайдо шудаанд, боғҳо оростаанд ва зиндагӣ дар инҷо осонтар шудааст" - мегӯяд Кара Ҳан, модари Аида.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бозгашт аз Амрико барои ёфтани решаҳои худ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Сафар ба ватани Аидаро аз пеш барномарезӣ кардаанд ва борҳо ба таъхир андохтанд. Мехостанд, ба ғайр аз дидани зодгоҳаш иртиботи қавии ботинӣ бо Қирғизистон пайдо кунад. Кара ва Вей 11 сол пеш бо маслиҳати як корманди идораи ҳифзи иҷтимоӣ хостанд, фарзанд бигиранд ва аз аввалин хориҷиёне шуданд, ки кӯдакеро аз Қирғизистон ба фарзандӣ гирифтаанд.

"Вақте гуфтанд, ки барои Шумо кӯдак ёфтем, гиря кардам"

"Ман ҳатто либоси кӯдакона нахаридам, чун бовар намекардам, ки кӯдак медиҳанд. Ҳангоми фаъолият корманди идораи ҳифзи иҷтимоӣ занг зад. Ӯ пурсид, ки нишастаам? Гуфтам, бале. Хабар дод, ки барои мо кӯдак ёфтаанд. Гиря кардам", - мегӯяд Кара Ҳан.

Шубҳаву тарси волидон баъди кӯдакро ба даст гирифтан рафъ шуд. Дар тарбияааш ҳам мушкиле надоштанд. Баъдан писареро ба фарзандӣ гирифтанд. Аида хоҳари мушфиқаш шуд. Китобхонӣ, аз шуғлҳои дӯстдоштаи Аида аст. Аз Қирғизистон чанд китоб, аз ҷумла китобҳои забони қирғизӣ мебарад.

Ӯ чанд ҷумла ба қирғизӣ ҳам гуфт: “Номи ман Аида аст. 12-солаам. Модару падар ва бародар дорам”.

Аида бо волидонаш
Аида бо волидонаш

Дар ним соли зиндагӣ дар Қирғизистон на танҳо ба омӯхтани забон, балки таҳияи ғизоҳои қирғизӣ, аз ҷумла қурут бавурсоқ машғул шуданд. Чанде пеш хӯроки маъруфи қирғизӣ бешбармакро ёд гирифтанд.

Падараш Вей Ҳанг дар ин бора мегӯяд: "Мо дар инҷо шаш моҳ истодем, чун хостем, кишвар ва мардумро бишиносад. Бо ҷое ошно шавад, ки таваллуд шудааст, ифтихор кунад, ки дар Қирғизистон ба дунё омадааст. Инҷо ба мо ҳам маъқул аст. Агар иҷоза буд, ки як сол монем, мемондем."

Аида мехоҳад, баъди тарки Қирғизистон, дигарбора ба зодгоҳаш баргардад, чун кишвари зебояш чизҳои зиёд ва ҷолибе дорад, ки надидааст.

Гузориш бо забони русӣ дар инҷост

XS
SM
MD
LG