Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола пас аз шаш сол ба зодгоҳаш баргашт. АКС, ВИДЕО


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай – барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва тарғибгари таҳсили духтарон – пас аз шаш соли захмӣ шуданаш аз тири Толибон, рӯзи 29-уми март ба ватанаш Покистон баргашт. Ҳамлаи Толибон посух ба таблиғи мактабу таҳсили духтарҳо дар Покистон буд.

Дар изҳороти бисёре аз муҳофизакорони покистонӣ Малола барои паст задани эътибори миллат ва боло гузоштани нақши шахсиаш айбдор мешавад.

Телевизиони покистонии Geo TV саҳнаи дар фурудгоҳи байналмилалии Исломобод ба мошин нишастани Малоларо ба намоиш гузошт. Мошини ӯ дар иҳотаи корвони амниятӣ фурудгоҳро тарк кард.

Соли 2014 ва дар 17-солагӣ Малола Юсуфзай ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд, ки барои тарғиби таҳсилу маориф ба мӯътабартарин ҷоиза дар ҷаҳон мушарраф шуд. Ҳоло ӯ 20 сол дорад ва пас аз ҳамлаи соли 2012 бори аввал аст, ки ба Покистон меравад. Дар ҳодисаи шаш сол пеш афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба автобусе, ки бояд ӯву духтарони дигарро аз мактаб ба хона интиқол медод, ворид шуда, ба сараш тир кушоданд. ​

Малола пас аз шаш сол ба зодгоҳаш баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Ҳафтаи гузашта дар як паёмаш дар шабакаи иҷтимоии Twitter Малола навишт, мехоҳад ватанро зиёрат кунад. Ӯ феълан дар Бритониёи Кабир зиндагӣ мекунад.

“Иҷоза диҳед, ки бигирем. Иҷоза диҳед, ки китобу қаламҳои худро бигирем. Ин силоҳҳои қавитарини мо аст. Як кӯдак, як омӯзгор, як китоб ва як қалам метавонад дунёро дигар кунад. Таҳсил ягона роҳи ҳал аст. Таълим бояд дар навбати аввал бошад”, - таъкид кардааст ӯ.

Малола вақте 15-сола буд, ҳадафи Толибон қарор гирифт
Малола вақте 15-сола буд, ҳадафи Толибон қарор гирифт

Баъди онки Малола аз ҳамлаи мудҳиш наҷот ёфт, ӯро бо ҳавопаймо барои анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ бурданд. Малола аз минтақаи Своти Покистон аст. Ин минтақаро Толибон таҳти назорати худ дароварданд ва баъдан бо пахши изҳороте масъулияти ҳамла ба Малоларо бар дӯш гирифтанд. Дар изҳороти Толибон гуфта шуд, ки таблиғи таълиму маориф дар як блоги вебсайти урдузабони шабакаи ҷаҳонии BBC аз ҷониби Малола боис ба ташкили ин ҳамла шуд.

Толибон замони ишғоли минтақаи Свот соли 2009 мактаби духтарҳоро оташ зада, муқаррароти шадиди исломиро ҷорӣ карданд. Дар бораи ин ҳама Малола дар блогаш менавишт.

Баъди тадриҷан муолиҷа ёфтанаш духтараки покистонӣ Бунёди Малоларо таъсис дод ва ба таблиғи таҳсилу маориф дар Покистону Нигерия, Урдуну Сурия ва Кения пардохт.

Гурӯҳи Толибон Малоларо мавриди ҳамла қарор дод
Гурӯҳи Толибон Малоларо мавриди ҳамла қарор дод

Дар оғози моҳи март бо пули ҷоизаи сулҳи Нобел Малола дар минтақаи Шанглаи наздик ба Свот мактаби нави духтарона бунёд шуд. Ҳоло Малола дар донишгоҳи Оксфорд таҳсил мекунад.

Бо ин ки Малола яке аз маъруфтарин покистонӣ дар ҷаҳон шудааст, дар дохили кишвараш ӯро яксон қабул намекунанд. Дар изҳороти бисёре аз муҳофизакорони покистонӣ Малола барои паст задани эътибори миллат ва боло гузоштани нақши шахсиаш айбдор мешавад.

Аксҳои бештар аз кору рӯзгори Малола:

XS
SM
MD
LG