Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтирогари автомати "Калашников" даргузашт


Михаил Калашников, созандаи яке аз матраҳтарин силоҳҳои ҷаҳон, дар сини 94-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Михаил Калашников рӯзи душанбеи 23-юми декабр бар асари беморӣ дар шаҳри Ижевск даргузаштааст. Михаил Калашников барои муддати кӯтоҳ дар охири моҳи май дар Ижевск дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Автомати Калашников дар авоили даҳаи 1940 тарроҳӣ шуд ва тавлиди он дар соли 1947 расман оғоз шуд. Мусалсали Калашников, ки бо номи АК-47 низ машҳур аст ва аз маъмултарин мусалсал дар ҷаҳон ба шумор меравад, соли 1947 ихтироъ шуд ва ҳоло дар 55 кишвари ҷаҳон силоҳи расмии артиши миллӣ дониста мешавад.

Михаил Калашников дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ронандаи танк ва як механики низомӣ буд. Барои нахустин бор, вақте ӯ дар ҷараёни ин ҷанг захмӣ шуд, соли 1942 андешаи сохтани автомати Калашников ба сараш омад.
Дар ҷараёни тақрибан шаш даҳа, ҳудуди миллионҳо мил автомати Калашников сохта шуда ва артишу нерӯҳои амниятиии кишварҳои мухтилиф аз он истифода кардаанд.

Вай барои ихтирои мусалсали Калашникв ё АК-47 ба дарёфти ҷоизаҳои зиёди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия ноил шудааст. Соли 2009 раиси ҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев ба Михаил Калашников ба муносибати 90-солагиаш баландтарин унвони он кишвар -- "Қаҳрамони Русия"- ро дод. Оқои Медведев он замон тайи маросиме дар Кохи Кремли Маскав аз ин мусалсал ситоиш карда ва гуфта буд, ки ҳоло ин ҷангафзор ба ифтихори ҳар як шаҳрванди Русия табдил ёфтааст.

Хонаводаи Михаил Калашниов мегӯяд, ки ҷасади ин марди шинохта дар шаҳри Ижевск ба хок супурда хоҳад шуд. Аммо таърихи дақиқи маросими ба хоксупории вай маълум нашудааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба дунболи хабари даргузашти Михаил Калашников, ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намудааст.

XS
SM
MD
LG