Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯи довталабони норозӣ дар назди Маркази миллии тестӣ


Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо ва тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси довталабон се рӯз боз боиси таҷаммӯи довталабони норозӣ ва наздикони онҳо дар назди Маркази миллии тестӣ мешавад.

Рӯзи 10-уми август издиҳоми довталабони норозӣ ва волидону наздикони норозии онҳо дар назди бинои Маркази миллии тестии Тоҷикистон таҷаммӯъ карданд. Онҳо аз натиҷаҳои эълоншудаи имтиҳоноти дохилшавӣ норозӣ буданд ва бархе ҳатто талош карданд, сарфи назар аз мамониати маъмурони милиса ба бинои марказ ворид шаванд, то натиҷаҳои гирифтаашонро бо чашми худ бубинанд. Аммо як масъули Маркази миллии тестӣ ба назди издиҳоми ҷамъшуда баромада ва гуфт, натиҷаҳои имтиҳонҳоро тавассути телевизион эълон мекунанд.

Эълони аввалин натиҷаҳои имтиҳоноти қабул ва тақсимбандии довталабон ба ихтисосу муассисаҳои таҳсили олии касбӣ дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон чанд рӯз боз вокунишҳои манфии довталабони аз натиҷаҳои имтиҳонҳо ва тақсимбандии ихтисосҳо ва волидону наздикони онҳоро ба бор овардааст.

Довталабони норозӣ мегӯянд, бо натиҷаҳои бадастовардаашон розӣ нестанд, чунки, ба ақидаи онҳо, боз "воситабозӣ" шудааст ва баҳои довталабони ба истилоҳ "бесоҳиб"-ро барои боз кардани роҳи довталабони "соҳибдор" паст гузоштаанд. Бархе аз ин довталабон бо изҳори эътироз ба "беадолатӣ" дар ҷараёни натиҷагирии имтиҳонҳо талаб доранд, ки аз онҳо аз нав имтиҳон бигиранд ва "адолатро барқарор кунанд".

Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз 8 август ба эълони натиҷаҳои тақсимбандии довталабон ба ихтисосу муассисаҳои таҳсили олии касбӣ оғоз кард. Ба ҳисоби масъулони ин ниҳод, аз ҳудуди 67 ҳазор довталабе, ки имтиҳонҳои тестиро супориданд, наздики 51 ҳазор нафар сазовори холҳои гузариш шудаанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки аз ин 51 ҳазор чанд нафараш дар ниҳоят донишҷӯ мешаванд, зеро нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ имсол 46 762 нафар муайян шудааст. Яъне, қариб 4 500 камтар аз шумори онҳое, ки аз имтиҳон гузаштаанд.

Бо вуҷуди ин ки чанд рӯз боз довталабони норозӣ дар назди бинои Маркази миллии тестӣ ҷамъ мешаванд, Абдувосит Юлдошев, ёвари мудири Маркази миллии тестӣ, се рӯз пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо то ҳоло аз довталабони норозӣ ҳамагӣ 97 аризаи аппелятсионӣ гирифтаанду бас. Соли гузашта ин рақам ба 570 баробар будааст.

Маркази миллии тестӣ ду сол боз масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси довталабон дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Фаъолияти ин марказ ба вокунишҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ рӯбарӯ шудааст. Як қисми мардум мегӯянд, роҳандозии ин марказ имкон дод, ки пеши роҳи ришваву ошнобозӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ як андоза гирифта шавад. Вале гурӯҳи дигар, асосан онҳое ки дар имтиҳонҳои Маркази тестӣ ноком мешаванд ваё аз тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси он норозӣ мондаанд, мегӯянд, Маркази миллии тестӣ ҳам натавонист ҳарҷумарҷро дар мавсими дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон аз байн бибарад.

XS
SM
MD
LG