Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 9 муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми истеҳсоли машруботи тақаллубӣ. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Русия 9 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла чаҳор узви як оиларо бо иттиҳоми cохтакорӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳои тақаллубии спиртӣ дастгир кардаанд.

Раҷабалӣ Ҳалимов, сокини деҳаи Ноҷии боло дар ноҳияи Ҳисор рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандонаш Саёдвалӣ Ҳалимов, Фирӯзи Раҷабалӣ, Наврӯз Ҳалимов ва Наҷмиддин Раҷабзода рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳри Перм дастгир шудаанд. Фарзанди бузургтарини ӯ Саёдвалӣ 29-сола ва соҳиби ду фарзанд аст.

“Нӯҳ нафарро дастгир карданд, ду нафари дигарашон ҳам бародарон ва ҳамсояи мо ҳастанд. Муфаттишон мегӯянд, ки онҳо ба истеҳсоли машруботи тақаллубӣ машғул буданд, ки ҷиноят аст ва мардумро бемор мекунанд”- гуфт, Раҷабалӣ Ҳалимов.

Боздошти 9 муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми истеҳсоли машруботи тақаллубӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00
Линки мустақим

Вакилони давлатии дифои ду нафар аз фарзандони шаҳрванди Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Афроди зери ҳимояти онҳо бар асоси қисми якуми моддаи 327-уми Кодекси ҷиноии Русия ба истеҳсоли маҳсулоти тақаллубӣ ва бо тамғаи сохта муттаҳам мешаванд, ки барои он то 12 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.”

Ҳарду вакил гуфтанд, ки афроди зери ҳимояташон худро гунаҳкор намешуморанд ва иттиҳомоти муфаттишони раёсати умури дохилии шаҳри Пермро эътироф намекунанд.

Кор дар коргоҳи ғайриқонунӣ

Дар ин раёсат рӯзи 17-уми сентябр гуфтанд, дар ҷараёни рӯз иттило дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ихтиёри Радиои Озодӣ мегузоранд.

Аммо ба гуфтаи Раҷабалӣ Ҳалимов, маъмурони милисаи шаҳри Перм дар умум 17 нафарро, ки дар як коргоҳи истеҳсоли машрубот кор мекарданд, дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони коргоҳ, ки ба истеҳсоли машруботи худсохту тақаллубӣ машғул будаанд, шаҳрвандони Русия ва дар боздошт ҳастанд.

“Онҳо худашон мутахассис доштаанд, ки арақ омехта мекардааст, бачаҳои мо, фақат ба боркашӣ, фаррошӣ машғул будаанд. Онҳо намедонистанд, ки ин коргоҳи истеҳсоли машрубот ғайриқонунӣ аст” – гуфт, Раҷабалӣ Ҳалимов.

Падари муҳоҷирони кории тоҷик, ки худаш ҳам дар яке дигар аз шаҳрҳои Русия кор мекардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандонаш аввали имсол барои кор омаданд ва дар як моҳи аввал музди корашонро дар ин коргоҳ пардохтаанд ва дигар ба онҳо фақат ваъдаи маош дода, пулашонро напардохтаанд.

“Раҳбарони онҳо осетину гурҷиҳо ҳастанд, агар онҳо омада ба гардан гиранд ва гӯянд, ки ин бачаҳо коргарони мо буданд, вале намедонистанд, инҳоро ҷавоб медиҳанд, лекин онҳо ба гардан намегиранд” – гуфт, Раҷабалӣ Ҳалимов.

Бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Индустриалний дар шаҳри Перм, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то ду моҳи дигар ва то замони анҷоми тафтишот дар боздошт бимонанд.

Бо вуҷуди онки ҳеҷ яке аз афроди боздоштшуда дар гузашта ҷинояте содир накардаанд, додгоҳи ноҳияи Индустриалний гуфтааст, "бо назардошти онки ҷинояти содиршуда вазнин аст ва мумкин аст, бояд муттаҳамон 1 моҳу 29 рӯз ва 4-уми ноябри соли 2018 дар боздоштгоҳ бимонанд".

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Ҳалимов, бо гузашти ду ҳафта то кунун ба ӯ иҷоза надодаанд, ки ба фарзандонашро бубинад ва аҳволашонро бипурсад. Ӯ ба бегуноҳии фарзандонаш бовар дорад ва мегӯяд, "Онҳо дар воқеъ ин корро накардаанд, на спирт рехтаанд, на арақро омехта кардаанд. Онҳо худашон мутахассис доштаанд, аз байни осетинҳо."

Ин шаҳрванди Тоҷикистон умедвор аст, ки сафорати кишвар дар Маскав дар ҷараёни мурофиаву тафтишот ба онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.

Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва садҳо нафар ҳам бо иттиҳомоти гуногун дастгир ва зиндонӣ мешаванд. Аммо кам шудааст, ки чаҳор бародар аз як оила ва 8 сокини як русто якбора дастгир мешаванд.

XS
SM
MD
LG