Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пандемияи COVID-19 фақат мусибат овард ё барои Некрӯз хубиҳое ҳам дошт?


Охири соли 2020 ваксинзанӣ ба зидди бемории СОVID-19 оғоз ёфт ва умедвориҳо аз поён ёфтани пандемия зиёд шуд.
Охири соли 2020 ваксинзанӣ ба зидди бемории СОVID-19 оғоз ёфт ва умедвориҳо аз поён ёфтани пандемия зиёд шуд.

Ҳамагирии COVID-19 ба сари инсоният дарду ғами бисёре овард, вале хубиҳо ҳам дошт. Вазъи муҳити зист андаке беҳтар ва ҳавое, ки нафас мегирем, поктар шуд, садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфту дар роҳҳо талафот кам гардид, мардум ҳам кор карданду ҳам вақт ёфтанд, ки бештар ҳамроҳи аҳли оилаашон бошанд.

Буҳроне, ки COVID-19 дар ҷаҳон бапо кард, на танҳо мусибат овард, баъзе хубиҳо дошт. Масалан, ҳаво андаке покиза шуд, чун инсоният сафару ҳаракатро камтар кард. Бисёриҳо ба кори хонагӣ гузаштанд ва вақти худро дурусттар тақсим мекунанд. Бемории зиёду фишор ба табибу парасторон раҳму дилсӯзиро бештар кард, ихтиёриён ба ёрии муҳтоҷон шитофтанд ва ҳамингуна рӯҳи ҳамбастагӣ дар ҷомеа қавитар шуд.

Аз ҳоло арзёбӣ кардани оқибатҳои дарозмуддати ҳамагирӣ ё пандемия барои инсоният, аз ҷумла пайомадҳои мусбати он зуд аст, вале ба ақидаи бисёриҳо, тағйире, ки буҳрон овард, дигар боқӣ хоҳад монд.

Андаке беҳтар шудани вазъи муҳити зист, аввалин натиҷаи хуби ҳамагирӣ буд, ки офати зиёде овард. Моҳи марти соли 2020 моҳвораҳои НАСА ё Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико нишон доданд, ки олудагии ҳаво дар шаҳрҳои бузурги дунё то 30 дар сад кам шудааст.

Осмон поктару рӯшантар ва ғубору олудагӣ кам шуд, чун истеҳсолоти саноатӣ дар кишварҳои ҷаҳон коҳиш ёфт ва дар баъзе ҷойҳо тамоми нақлиёт аз ҳаракат монд. Ҷаҳон мунтазир аст, ки дигарбора роҳҳо боз ва сайру саёҳат осон шавад, вале зоҳиран, сафарҳое, ки ҳатмӣ нестанд, ба мисли сафарҳои корӣ дигар мисли солҳои пеш, то замони расидани беморӣ зиёд нахоҳанд буд.

Сафарҳои корӣ ба мансабдорон зарур аст?

Ҷозеп Боррел
Ҷозеп Боррел

Пандемия нишон дод, ки шарт нест, барои мулоқоти расмӣ ба ҷое рафту пулу вақт харҷ кард ва бар иловаи он дар олуда кардани ҳаво саҳм гузошт. Тамоми дунё ба дидору гуфтугӯҳои видеоӣ одат кард, аз мусоҳиба барои қабул ба ҷойи кор, то ба маҷлисҳои корӣ ва нишастҳои байнимилливу гуфтугӯи раҳбарони кишварҳо.

Маълум шуд, ки роҳи осонтару арзонтар низ ҳаст. Дар идораи Ҷозеп Боррел, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо интизор доранд, ки баъд аз ҳамагирӣ сафарҳои кории дипломатҳову мақомоти расмӣ "андаке камтар мешавад".

Питер Стано, сухангӯи Ҷозеп Боррел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳама чиз мисли пештара намемонад. Дар муносибатҳои дипломатӣ дар сатҳи баланд, мулоқоти рӯбарӯ босамар аст, чун махфӣ мемонанд, вале агар мулоқоту гуфтугӯҳо ва дигар чорабиниҳо бошад, масъала дигар аст. Шояд дар масоили фаннӣ, вохӯриҳои корӣ аввал баррасӣ шавад, ки онро онлайн гузаронд ё зарур аст, ки бо ҳавопаймо барои мулоқот парвоз ва ба олудагии ҳаво мусоидат намуд."

Дар замони пандемия саг ба ман барои нигаҳ доштани вазъи равониам бисёр кумак кард. Вақте дар хона ҳастам, маро хурсанд мекунад. Ҳамроҳ ба қадамзанӣ ва мағоза меравем.
Ҳанка Мюллерова

Зоҳиран, бо поён ёфтани ҳамагирӣ мақомоти баландпоя ба сафарҳои расмӣ идома медиҳанд ва “зиндагии одии нав” бармегардад. Сарони кишварҳо бо ҳайатҳои худ ба сафару нишастҳои расмӣ мераванд, вале баъзеи дигар мумкин аст, ба осонӣ ин корро карда натавонанд. Шояд ин суол пеш ояд, ки шарт аст, пули андоздиҳандагонро барои сафари дарозу гароне харҷ кунанд, чун метавонанд, бо тарафи муқобил суҳбати видеоӣ дошта бошанд.

Аз ҷумла, раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки фаъолона барои покизагии муҳити зист мубориза мебаранд, ба ҳамин фикранд.

Шеваи омехтаи кор

Баъди доман задани беморӣ, идораҳои калону пуродаму серғавғо дар саросари ҷаҳон дар як лаҳза холӣ ва орому сокит шуданд, чун ширкатҳо аз тарси сирояти вирус ба кормандонашон дастур доданд, ки онҳо аз хона кор кунанд. Ҳатто он ширкатҳое, ки қаблан иҷоза намедоданд, коргаре аз хона кор кунад, маҷбур шуданд, худро ба воқеияти нав мутобиқ созанд.

Бино ба назарсанҷиҳо, бисёре аз кормандон аз чунин шеваи кор бурд кардаанд, чун аз хона дар шароити оромтар ва бе халали камтар кор мекунанд ва айни замон бо аҳли оила вақти бештар мегузаронанд. Ҳамчунин вақт ва пуле, ки барои рафтуомад ба коргоҳ харҷ мекарданд, дигар талаф намеёбад.

Назарсанҷии ширкати "Слак" дар байни 4700 корманди идораҳои гуногун нишон додааст, ки аксари онҳо майл надоранд, ки дигар тамоми 8 соат дар дафтари корӣ бишинанду дар идора кор кунанд. 72 дар сади онҳо гуфтаанд, ки барояшон кори омехта беҳтар аст, яъне ҳам аз хона ва ҳам аз коргоҳ. Фақат 13 дар сад майл доштаанд, ки доимо аз хона кор кунанд, 12 дар сад кор дар идораро бартар донистаанд.

Бо назардошти ин, метавон тахмин кард, ки шояд шеваи омехтаи кор аз хонаву идора дар оянда ва бахусус дар кишварҳои пешрафта роиҷтар шавад.

Беҳтарин рафиқи инсон

Кор аз хона имкон медиҳад, харҷи роҳу либосу хӯрок низ камтар шавад, аммо муошират намерасад ва дар карантин инсон танҳо мемонад, албатта, дар кишварҳои пешрафта, на чун Тоҷикистон, ки на ҳама хонаи алоҳида дораду танҳо мемонад. Дар карантин соҳибони ҳайвони хонагӣ толеи баландтар доранд.

Бо оғози ҳамагирӣ шумори сокинони кишварҳои ғарбӣ, ки майли гирифтани ҳайвонеро доштаанд, якбора афзудааст. Ҷамъияти амрикоии пешгирӣ аз бадрафторӣ бо ҳайвонот мегӯяд, моҳи март теъдоди хоҳишмандони гирифтани ҷонваре аз хонаҳои ҳайвоноти партофташуда танҳо дар шаҳрҳои Ню Йорк ва Лос-Анҷелес 70 дар сад афзудааст.

Моҳи апрел, вақте тамоми ороишгоҳу сартарошхонаҳоро дар Чехия бастанд, Ҳанка Мюллерова яке аз кормандони ороишгоҳ дар ин шаҳр сагеро ба парасторӣ гирифт. Ӯ гуфт: "Дар замони пандемия саг ба ман барои нигаҳ доштани вазъи равониам бисёр кумак кард. Вақте дар хона ҳастам, маро хурсанд мекунад. Ҳамроҳ ба қадамзанӣ ва мағоза меравем." Ба гуфтаи Ҳанка, баъзе аз ошноҳои ӯ низ саг ё гурба гирифтаанд, чун бештари вақт дар хона буданд ва фарзандонашон ҳам ба таҳсили фосилавӣ гузаштаанд.

Бозгашт ба воқеият

Ҳамагирӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ зарбаи сахте зад, чун муҳоҷирони зиёде дар Русия аз кор маҳрум шуданд ва садҳо ҳазор нафари дигар барои кор ба ин кишвар ҳам рафта натавонистанд. Яке аз онҳо Некрӯз Амонзода, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки ба гуфтаи ӯ, СОVID-19 водораш кард, ба кори дигаре рӯ орад. Имсол ӯ ҳар ваҷаби замини ҳавлиашонро истифода бурда, дар он сабзавоти гуногун, аз ҷумла каду киштааст.

Некрӯзи 32-сола мегӯяд: "Чизи зиёде дар бораи киштукор омӯхтам ва дар як мавсим ду ҳосил гирифтам. Масалан, вақте ҳосили зироатҳои барвақтиро мегирӣ, метавонӣ, ба замин пору пошӣ ва ҷуворимаккаву дигар донагӣ кишт кунӣ. Ҳеч гоҳ чунин кадуи ширин нахӯрда будам, ҳамчунин сабзиву пиёз низ. Шояд худам кишт карда будам, барои ҳамин бошад."

Амонзода мегуяд, дар гузашта ба фарзандонаш дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ кумак намекард, ҳоло шомгоҳон барои ин кор вақт дорад. То ҳамагирӣ вай 8 ё 9 моҳ дар шаҳри саноатии Сургути Русия кор мекард ва фақат зимистон ба назди зану фарзандаш меомад. Ҳоло оила аз ҳисоби музди хоксоронаи ҳамсараш, ки муаллимаи синфҳои ибтидоист, зиндагӣ мекунад ва ҳам пуле, ки пештар барои таъмири хона ҷамъ оварда буданд.

Некрӯз мегӯяд, ки агар вазъ беҳтар ва роҳ ба сӯйи Русия кушода шавад, соли 2021 барои кор ба Сургут бармегардад. Аз зиндагӣ дар канори оилаву фарзандон ва киштукор ҳарчанд хушаш омадааст, мегӯяд, воқеиятҳоро набояд нодида гирифт. "Бе кор дар Русия намешавад", -- мегӯяд, Некрӯз, ки умедвор аст, зиндагӣ дар ояндаи наздик ба маҷрои пешинааш бармегардад.

XS
SM
MD
LG