Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди каду дар Душанбе ва тамасхури корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ


Акс аз Ховар
Акс аз Ховар

Рӯзи 25-уми август дар шаҳри Душанбе Иди каду баргузор шуд ва иде, ки корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро масхара кардаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо гузориши муфассале аз маҳалли таҷлили ид дар Душанбе навиштааст, дар намоишгоҳ дар маҷмааи “Меҳргон” намояндагони вазорату идораҳои гуногун ҳузур доштаанд.

Муҳиддин Пайшанбезода, яке аз дастёрони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои робита бо ҷомеа зимни ифтитоҳи намоишгоҳ гуфтааст, ҳадаф аз баргузории ҷашни каду зиёд кардани ҳавасмандии кишоварзон ба кишти ин зироат ва пайдо кардани роҳу усулҳои беҳтари парвариш кардани каду дар мамлакат мебошад. “

Ҷамила Саидова. муовини вазири кишоварзӣ гуфтааст, дар Тоҷикистон зиёда аз 4 навъи каду, аз ҷумла гавҳоракаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду парвариш карда мешаванд ва вазорат тасмим дорад, кишти маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла кадуро бештар намояд.

Дар намоишгоҳ кишоварзон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ навъҳои гуногуни каду, таомҳои аз каду омодашуда ва дигар хӯрокҳои миллиро ба меҳмонон ва сокинони пойтахт пешниҳод кардаанд. Азбаски дар Тоҷикистон, инсони нодонро гоҳо бо киноя ба каду монанд мекунанд, корбарони зиёде дар Фейсбук гуфтаанд, ки эълони чунин иде хандаовар аст.

Айни замон теъдоди корбарони дигар ба таркиби каду ишора карда ва гуфтаанд, ки витаминҳои зиёде муҳим барои инсон дорад. Дар воқеъ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, каду, ки ҳосили зиёд медиҳад, яке аз маҳсулоти аслии ғизои мардум дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон буд ва дар эмин нигаҳ доштани садҳо ҳазор нафар аз гуруснагӣ кӯмак кардааст. Дар солҳои аввали баъди ҷанг ҳам каду як таркиби аслии ғизои сарбозони нерӯҳои мусаллаҳ буд.

Дар Тоҷикистон ғизоҳои гуногун аз каду таҳия мешавад, ба мисли ширкаду, манту бо каду, кадубирён ва амсоли он. Айни замон ҷашни каду дар дигар кишварҳо аз ҷумла Беларус ва Молдова ҳам баргузор мешаванд. Мусобиқаи ҷаҳонии бузургтарин каду ҳам вуҷу дорад.

XS
SM
MD
LG