Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин ва Зеленский дар Париж. Ҷонибҳо чӣ умед доранд?


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 9-уми декабр дар Париж ба таври расмӣ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфтугӯ хоҳад кард. Пас аз буҳрон дар шарқи Украина дар соли 2014, бори аввал аст, ки президентҳои ду кишвар ба ҳам мулоқот мекунанд. Раҳбарони Фаронса ва Олмон заминаи ин мулоқотро фароҳам сохтаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, интизор намеравад, дар мулоқоти Путин ва Зеленский, ки бо миёнҷигарии Эммануэл Макрон ва Ангела Маркел сурат мегирад, тавофуқномаи сулҳ ба даст биояд, аммо шуморе аз дипломатҳои баландпоя умедворанд, ин дидор ба ҳосил шудани эътимод миёни ду раҳбар кумак хоҳад кард.

Дар ҷанги панҷсола миёни ҷудоиталабони тарафдори Маскав ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҷудоихоҳон аз соли 2014 ба ин тараф назорати минтақаҳои Донетск ва Луганскро дар ихтиёр доранд.

Дипломатҳо таъкид мекунанд, дар ин мулоқот масъалаи Қрим, ки боис ба маҳбубияти Путин шуд, аммо айни замон сабаби ҷорӣ кардани таҳримҳои байналмилалӣ ба зидди ин кишвар гашт, аз мавзуъҳои мулоқот нахоҳад буд.

Киев ба таври ошкор гуфтааст, ҳаргиз аз баҳри нимҷазираи Қрим нахоҳад гузашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам Қримро ҷузъе аз хоки Украина эътироф мекунанд.

Қасри Кремл аломат додааст, ки омодаи ҳамкорӣ бо Зеленский ҳаст ва Путин ӯро "самимӣ" ва "дӯстдоштанӣ" номидааст. Аммо Путин ҳам намехоҳад аз ин мулоқот дасти холӣ баргардад ва талош хоҳад кард, то таҳримҳо коҳиш ёбад.

Мушкили эътимод

Вазири умури хориҷии Олмон Ҳейко Маас дар остонаи ин мулоқот ба гурӯҳи хабарии Funke гуфтааст, "мо ҳама талошҳои дар ихтиёрамон бударо анҷом хоҳем дод, то дар раванди сулҳи Украина пешрафт ба даст биояд". Ӯ ин низоъро "захме бар пайкари Аврупо" номидааст.

Вазири умури хориҷии Олмон бо ситоиш аз Зеленский барои ибтикори ин гуфтугӯ, афзуд, "барои пешрафт бо марҳилаи душвори баъдӣ, зарур аст, ки Русия низ чунин қадамҳое бардорад".

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Фаронса, ҳадаф аз мулоқоти рӯзи душанбе созиши манъи фаъолияти ниманизомиёни ғайриқонунӣ, ихроҷи ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Донетск ва Луганск ва контроли Украина бар минтақаҳои марзӣ бо Русия мебошад.

Ин манбаъ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, "мушкили эътимод ва боварӣ байни тарафҳо вуҷуд дорад. Ин масъала қабл аз ин ки битавонем ба пеш ҳаракат кунем, бояд ҳал шавад".

Масъалаи дигар, ҷадвали замонӣ барои баргузории интихобот дар минтақаҳои Донетск ва Луганск мебошад, ки тибқи қонуни Украина аз мақоми вижа бархӯрдор мебошанд.

Раҳбарони Украина, Олмон, Фаронса ва Русия дар се соли охир бори аввал барои пайдо кардани роҳҳои қатъи даргирӣ дар шарқи Украина пушти мизи гуфтушунид хоҳанд нишаст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 8-уми декабр дар маркази шаҳри Киев, пойтахти Украина пеш аз мулоқоти "шакли нормандӣ" ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуд. Ба иттилои AFP, дар тазоҳурот ҳудуди 5 ҳазор кас иштирок доштанд.

Сокинонро ба баргузории ин ҳамоиш вакилони порлумони Украина аз ҷиноҳҳои мухолиф, аз ҷумла "Ҳамраъйии аврупоӣ", "Садо" ва "Озодӣ" даъват карда буданд. Вакилони мухолиф дар арафаи мулоқоти Париж, ба истилоҳ "хатти сурх"-еро нашр карданд, ки президенти Украина Владимир Зеленский дар мулоқот бо раҳбарони Русия, Олмон ва Фаронса набояд аз доираи он берун равад.

Мухолифони Украина, аз ҷумла ягонагии давлат, баргузор накардани интихобот дар Донбасс то хориҷ шудани нерӯҳои Кремл, худдорӣ аз созиш дар робита ба мақоми нимҷазираи ишғолии Қрим ва ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Русияро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG