Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумрук ва тиҷорат дар дидори Раҳмон ва Ҷинпин


Дар ҳошияи ҳамоиши "Камарбанд ва роҳ", дар Пекин рӯзи 28 апрел дидори президентҳои Тоҷикистон ва Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин баргузор шуда, дар он ҳолати феълӣ ва дурнамои равобити байни ду кишвар баррасӣ гаштааст.

Бо нашри ин хабар расонаҳои чинӣ менависанд, раҳбари Чин аз сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, гуфтааст, ки Чин хостори густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он "аз стратегияҳои муштарак, ҳаққи амният ва рушд"- и Тоҷикистон ҳимоят хоҳад кард. Ҷинпин барои ин аз ҷумла ширкатҳои чиниро даъват кардааст, сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш диҳанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар посух бо таъкиди он ки кишвараш яке аз нахустин тарафдорони ташаббуси "Камарбанд ва роҳ"-и Чин буд, гуфт, зимни ҳимоят аз ин барномаи Пекин Тоҷикистон тарҳҳои милли рушди худро бо он ҳамоҳанг намудааст. Раҳмон афзудааст, ки барномаи "Камарбанд ва роҳ" эътибори ҷаҳонӣ дорад ва ба Тоҷикистон дар санъатӣ кардани кишвар кумак хоҳад намуд.

Ҷудо аз шиорҳо, дар масъалаҳои мушаххас, ду раҳбар густариши зарфиятҳои гумрукӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари тиҷоратиро баррасӣ кардаанд. Таври маълум аз татбиқи ин хостҳо бештар тоҷирони Чин ва моли Чин дар бозори Тоҷикистон баҳравар хоҳанд гашт. Ду тараф тақвияти пайвандҳои пулию молиро низ баррасӣ намудаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии CGTN-и Чин, раиси ҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин ҳамчунин хостори баргузории ҷашнвораҳои фарҳангии ду кишвар шудааст ва афзудааст, чаҳорчуби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин ташаббус шароити мусоид фароҳам меорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тавре ин шабака хабар медиҳад, аз натиҷаҳои нишасти сарон дар дувумин форуми "Камарбанд ва роҳ" ситоиш намуда, онро заминаи амалии рушди равобит номидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз пеш аз оғози сафараш ба Пекин, президент Раҳмон ба "рушди бемисли Чин" ишора намуда, онро шарики калиди иқтисодиёти Тоҷикистон ном бурд. Вай дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ гуфт, ҳаҷми сармояи Чин дар иқтисодиёти Тоҷикистон аз марзи 2,5 миллиард убур кардааст.

Президенти Тоҷикистон гуфт, феълан дар кишвараш наздики 350 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд ва соли гузашта ҳаҷми тиҷорати кишвараш бо Чин даҳ дарсад афзоиш ёфт, аммо, ба гуфтаи ӯ, ин рақам ҷавобгӯи имкониятҳои ҳарду кишвар нест.

Чин яке аз бузургтарин сармоягузорони Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, Тоҷикистон беш аз дигарон аз Чин қарздор аст. Айни замон қарзи берунии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллиарду 900 миллион доллар мерасад ва бахши асосии он аз Чин аст. Қаблан созмони Global risk insight гуфта буд, қарзҳои ҳангуфт дар оянда метавонанд "як фишанги пурзӯри Чин" дар таъсир ба кишварҳои қарздораш шавад.

Гароиши иқтисодии берунии беш аз ҳадди Душанбе ба сӯи Пекин аксаран интиқодҳоро дар доираи коршиносони мустақил ба бор меоварад, ки дар тарҳи нави Чин афзоиши вобастагии молӣ ба ин кишварро мебинанд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, тарҳи "Камарбанд ва роҳ" хосияти геостратегӣ дорад ва ба дастёбӣ ба захираҳои арзон ва эҷоди зерсохтҳои логистикӣ барои кашонидани онҳо ба Чин нигаронида шудааст.

Амрико ва аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ин ташаббуси Чинро танқид кардаанд. Онҳо мегӯянд, сиёсати қарздиҳии Чин барои бунёди зербинои минтақаӣ қарзеро ба дӯши кишварҳои дар ҳоли рушд бор мекунад, ки қудрати пардохташро надоранд.

Гуфтугӯи ахири Раҳмон ва Ҷинпин, ки густариши зарфиятҳои гумрукӣ, бунёди бандарҳои нав ва фароҳам овардани шароити беҳтари тиҷоратӣ миёни ду кишварро дар бар гирифт, нишон медиҳад, Тоҷикистон пайвандҳои асосии иқтисодӣ ва тиҷоратияшро ба тарафи Чин гардонда, нияти пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро надорад. Ин иттиҳод алҳол Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид мекунад ва мақомоти Русия борҳо изҳори умедворӣ кардаанд, ки Тоҷикистон ба зудӣ шомили ин эътилоф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG