Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажуҳиш. Туркманҳову узбакҳо аз тоҷикон хайрхоҳтаранд?


Зани солхӯрдае дар кӯчаҳои Душанбе садақа металабад
Зани солхӯрдае дар кӯчаҳои Душанбе садақа металабад

Тоҷикистон дар миёни 146 давлати дунё аз рӯи хайрхоҳии аҳолиаш дар зинаи 61-ум қарор дорад.

Созмони бритониёии "Charities Aid Formation", кишварҳои ҷаҳонро аз рӯи хайрхоҳии мардумашон раддабандӣ карда, Тоҷикистонро миёни 146 давлати дунё дар зинаи 61-ум қарор додааст. Дар гузориши ҷадиди ин созмон – «Нишондоди хайрхоҳӣ дар ҷаҳон барои соли 2012» иштироки аҳолӣ дар корҳои хайр, аз ҷумла додани пул ба созмонҳои хайриявӣ, кори волонтёрӣ ва кӯмак ба муҳтоҷони ношинос баҳогузорӣ шудааст. Ин гузориш бо назардошти назарпурсиҳое, ки ширкати Gallup дар 160 кишвари ҷаҳон гузарондааст, таҳия гардида, калонтарин пажуҳиши башардустӣ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Муайян шудааст, ки роҳи маъмултарини хайрхоҳӣ дар Тоҷикистон кӯмак бевосита ва мустақим ба муҳтоҷон аст, ки 46 дарсади тоҷикистониён гуфтаанд, ба ниёзмандони ношинос мунтазам хайр мекунанд. Ҳамчунин 45 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки ба корҳои волонтёрӣ машғул мешаванд. Аммо ҷудо намудани пул бо мақсадҳои хайриявӣ дар Тоҷикистон маъмул нест ва ҳамагӣ 6 дарсад гуфтаанд, ки ин корро иҷро мекунанд.

Тибқи иттилои «Charities Aid Formation» ба сегонаи хайрхоҳтарин кишварҳои ҷаҳон Австралия, Ирландия ва Канада дохил буда, Албания, Юнон ва Черногория дар охири ин рӯйхат қарор доранд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна мардуми хайрхоҳтарин дар Туркманистон зиндагӣ мекунанд, ки дар рӯйхати «Charities Aid Formation» дар зинаи 14-ум меистад. Дар пайи Туркманистон, Узбакистон қарор дорад, ки соҳиби ҷои 24-ум шудааст. Қирғизистону Қазоқистон дар ин рӯйхат мувофиқан дар зинаҳои 99 ва 115-ум ҷой гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG