Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, мумкин аст, коронавирус ба 25 миллион эронӣ сироят карда бошад


Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, омори мазкур бар асоси як арзёбии вазорати беҳдошт аст.
Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, омори мазкур бар асоси як арзёбии вазорати беҳдошт аст.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, бар асоси як арзёбии вазорати тандурустӣ тахмин мешавад, ки коронавируси нав ба тақрибан 25 миллион эронӣ сироят кардааст.

Аҳолии Эрон тақрибан 82 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 16-уми июл дар як нишасте, ки Телевизиони давлатии Эрон намоиш дод гуфт: “Тахмини мо бар ин аст, ки то кунун 25 миллион эронӣ ба ин вирус мубтало шудаанд. Ва қариби 14 ҳазор нафар ҳам ҷони азизи худашонро дар ин муддат аз даст доданд.”

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, эҳтимол дорад, аз 30 то ба 35 миллион тани дигар дар маърази хатари сирояти коронавирус қарор дошта бошанд. Коронавируси нав, ки бемории СOVID-19-ро бармеангезад, назар ба ҳар кишвари дигари Ховари Миёна ба Эрон осеби зиёдтар задааст.

Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ки то кунун бештар аз 200 ҳазор нафар дар шифохонаҳо бистарӣ шудаанд ва мумкин аст, шумораи онҳо дар моҳҳои оянда ду баробар зиёд шавад.

Раиси ҷумҳури Эрон нагуфтааст, ки ин арзёбиро чӣ гуна анҷом додаанд ва ин арзёбии вазорати беҳдошти Эрон ҳанӯз нашр нашудааст. Мутахассисон муддатҳо пеш гуфтаанд, ки теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Эрон назар ба ончӣ ки мақомоти расмӣ мегӯянд, хеле зиёдтар аст.

Дар гузорише, ки порлумони Эрон дар моҳи апрел нашр кард, бо ишора ба сурат нагирифтани озмоишҳои кофии гирифторони беморӣ гуфта шудааст, ки маргумир аз бемории COVID-19 аз 8 то 10 баробар бештар аз омори нашркардаи расмии мақомот аст.

Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки то кунун коронавирус ба бештар аз 271 ҳазор тан дар Эрон сироят кардааст ва тақрибан 14 ҳазор каси дигарро куштааст. Ҳафтаҳои ахир теъдоди мубталоён дар Эрон башиддат зиёд шуд ва ҳукумат рӯзи 16-уми июл дигарбора фаъолиятҳову маросимҳоро барои як ҳафтаи дигар маҳдуд кард.

Дар ин як ҳафта баргузории ҷашнвораҳо ва маросими фарҳангиву мазҳабӣ дар Теҳрон мамнӯъ шудааст ва ресторанҳо, ҳавзҳои оббозӣ, боғи ҳайвонот, боғҳоро бастанд, то монеи ҷамъ омадани мардуми зиёд дар якҷо шаванд, ки муҳити мусоиде барои сирояти вирус ба теъдоди зиёди одамон аст.

XS
SM
MD
LG