Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасандоз (Танз)


Матлаби наве дорем, барои гӯшаи танз, ки ин бор аз ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик Наҷмиддини Шоҳинбод бароямон расид. Пешгуфтори ӯ ва ҳамчунин имзояш ҷолибанд, ҳайрон нашавед...

Сараввал иқдоми рамазонии радиои “Озодӣ”-ро шодбош мегӯям.Воқеан, мардум аз “таркид”,”кафид”, “парронданд”, “террор шуд” хаста шуданд.Чанд сол пеш аз мурдаи саги Хоркаш тарсида будам. Ҳоло дар паҳлуям таркиш ё тирандозӣ шавад ҳам, бепарво хоҳам монд. Ҳаҷв, танз, лутф дар тафаккури инсонҳо раҳму шафқатро бедор мекунад. Ба камбағалӣ, бехирадӣ, фасод, қадрношиносӣ ва ҳатто террор бояд ханда зад! Ин силоҳ сипаре нахоҳад дошт.

Ба ҳамин хотир танзеро ба хонандагони арҷманд тақдим медорам.

Пасандоз

– Боз якто кафид! – гиряолуд ба завҷаам хабар додам.

– Бомба ё мина? – аз ошхона садо баровард завҷаам.

– Не, боз як бонк кафид. Дар ин лаҳза Хоркашбой афтону хезон аз дар даромада, бо овози хирросӣ гуфт:

– Хез! Бонк ба ҷои пулҳои пасандоз амвол медиҳад. Дар ивази пул мошин, бино, таҷҳизот медодаст.

Дари бонкро издиҳом иҳота кардааст. Охирин бор чунин издиҳомро дар майдонҳои “Шаҳидон”-у “Озодӣ” дида будам.

Яке компютеру дастгоҳи чопӣ, дигаре говсандуқ (сейф) ва мошин мегирифт.

Банда саломро низ бо машварати завҷаи меҳрубонам медиҳам. Барои ин телефонӣ пурсидам, ки чӣ гирам.

– Аз гургхӯрда – пӯст, ҳарчӣ диҳанд бор карда биёр! Ҳатмӣ ягон чиз канда гир! Калону вазнин бошад!

– Марҳамат ду компютер ба ивази пасандоз, – гуфт бонкдор ба Хоркаш.

– Ба шумо се сейф ба ивази 12 ҳазор сомонӣ, – гуфт ба шахсе, ки пеш аз ман дар саф буд.

– Муштарии муҳтарам, ба Шумо ду палос ва як қолин баро пасандоз, – ишора кард ӯ ба зани пирсол.

Навбати Сафдаршоҳ – хусурбачаам расид.

– Муҳтарам муштарӣ, мана 5 адад либоси инкассаторӣ, 5 ҷуфт либоси низомии муҳофизон ва телефони “Самсунг” (Телефонро муштарии беҳушшуда партофта рафта буд).

– Фоидаш чӣ, яъне фоиз, баҳра, сарбахши пасандоз? – пурсид Сафдаршоҳ аз бонкдор.

– Мана барои фоида ду курсӣ!

Шаҳло, котибаи раиси бонк руйхат мекард, аммо чашмаш ба телефони дасташ буд. Ногаҳон бо ҷаҳл ручкаро партофт ва бонг зад:

– Тамом! Ман ихтисор шудам, дигар кор намекунам!!!

Туфличаҳояш бо садои музаҳои сарбозӣ тақ-тақ зада, котиба рафт, то аз рахтовез боронияшро гирад.

– Ба Шумо, муштарӣ, чӣ диҳам, – ниҳоят бо даҳони инҷ ба ман рӯй овард ва пурсид бонкдор

– Котиба, – оромона гуфтам.

– Кадом котиба?

– Ана ҳамин котибаатон,ки ихтисор шудааст!

– Мо амвол мефурӯшем, одамро не?

– Ман ба Шумо сейфу ҷевон пасандоз надодам. Пул дода будам, ҳоло пул дода наметавонед. Пас ҳарчӣ хоҳам, ҳамонро диҳед!

Котиба аз кунҷи утоқ ба ман нигарист ва пурсид:

– Чанд медиҳед?

– Ман пул намедиҳам, ба ҷои пасандоз мегирам.

Пас аз баҳсу машварати зиёд котиба Шаҳло дар ивази пасандоз ба ман дода шуд. Ана баъд сар шуд!

– Ба ман ба ҷои пасандоз директорро диҳед, – садо баровард Комил-салярка, – Ман кишоварз-фермер. Як барзаговам мурд. Ҷуфти дуюм мешавад...

Аз директор-пасандози Комил-салярка зарар дид...

Вале ман дар соли аввал ба ҷои фоизи пасандоз дугоник гирифтам...

Н. Соколоветров,

шаҳри Душанбе

XS
SM
MD
LG