Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 11 қурбонии ҳавопаймои Русияро ёфтанд. ВИДЕО


Мақомоти Русия гуфтанд, барои ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва боқимондаи ҳавопаймои "Ту-154", ки дар Баҳри Сиёҳ сарнагун шудааст, ҳудуди 4000 нерӯи кумакрасон, даҳҳо заврақ, чархбол ва киштиҳои зериобӣ сафарбар шудаанд. Ин ҳавопаймо субҳи 25 декабр дар роҳ ба сӯи Сурия дар баҳр суқут карда ва ҳама 92 сарнишини он ба ҳалокат расидаанд. То бомдоди рӯзи 26 декабр 11 ҷасади қурбониён аз баҳр берун оварда шуданд.

Ҳавопаймои "Ту-154", ки бо мусофиронаш дар Баҳри Сиёҳ суқут кард, соли 1983 истеҳсол шуда, дар маҷмӯъ, тақрибан ҳафт ҳазор соат парвоз анҷом додааст.

Мақомоти Русия гуфтанд, сабаби аслии суқути ҳавопаймо ҳанӯз маълум нест ва онҳо ҳеҷ эҳтимолеро, аз ҷумла анҷоми ҳамлаи террористиро рад намекунанд. Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия, гуфт, "тафтишот ҳеҷ эҳтимолро истисно намедонад ва дар ҳоли баррасии ҳама фарзияҳо ҳаст". Ин суханони вазири нақлиёти Русия бар хилофи изҳороти аввалия аст, ки эҳтимоли вуқӯи ҳамлаи террористиро рад карда буд.

Гурӯҳи ҳунарии Александров
Гурӯҳи ҳунарии Александров

Шабакаи хабарии Fox News аз қавли шуморе аз коршиносон мегӯяд, мавридҳое монанди нафиристодани гузориш дар бораи вуҷуди мушкил сабаб мешавад, ки наметавон вуқӯи ҳамлаи террористиро аз миёни фарзияҳо берун кард. Албатта, гузоришҳо нишон медиҳад, чораҳои амниятии густурда дар минтақаи Сочи барқарор аст ва ҳавопаймои вазорати дифоъ низ таҳти назорати шадиди амниятӣ қарор дошт.

Ин ҳавопаймои ҳомили 92 нафар, аз ҷумла 68 узви ансамбли маъруфи Александров, барои муборакбодии Соли Нав ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Лозиқияи Сурия мерафтанд. Елизавета Глинка, маъруф бо номи доктор Лиза, низ шомили ин ҳайат будааст.

Суқути ҳавопаймои Русия дар Баҳри Сиёҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Шабакаи Russia Today аз қавли мақомоти Вазорати нақлиёти Русия гуфт, амалиёти ҷустуҷӯ ва пайдо кардани қурбониён, мумкин аст, аз он чи интизор мерафт, ба муддати дарозтар идома кунад. Максим Соколов гуфтааст, ҳавопаймо дорои фиристандаҳои сигнали маъмулӣ дар ҳавопаймои муосир нест ва бинобар ҳамин, пайдо кардани ҷойи дақиқи суқути ҳавопаймо "кори душвор аст".

Дар ҳамин ҳол, Виктор Бондарев, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия рӯзи 26 декабр ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, "фикр мекунам, мо метавонем ҷои суқути ҳавопаймо дар қаъри Баҳри Сиёҳро муайян кунем."

Ҳавопаймои "Ту-154", ки бо мусофиронаш дар Баҳри Сиёҳ суқут кард, соли 1983 истеҳсол шуда, дар маҷмӯъ, 6 ҳазору 689 соат парвоз анҷом додааст. Ба иттилои Вазорати дифои Русия, таъмири охирини ин ҳавопаймо ду сол пеш сурат гирифта буд. Ба хотири қурбониёни суқути ҳавопаймои ТУ-154, ки дар роҳ ба Сурия дар наздикиҳои Сочи афтид, 26 декабр дар Русия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Дар Русия мотами миллӣ эълон шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

XS
SM
MD
LG