Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар финали Ҷоми AFC-2015 шикаст хӯрд


Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 аз “Ҷаҳор Дарул Такзим”-и Малайзия бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷаҳор Дарул Такзим ", ки рӯзи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

Голи ягона ва ҳалкунандаи ин бозиро дар дақиқаи 22-юм легионери аргентинии дастаи "Ҷаҳор Дарул Такзик" таҳти рақами 9 вориди дарвозаи дастаи "Истиқлол" кард ва ғалаби дастаи худро таъмин намуд.

Ин бозӣ ба таври мустақим аз тариқи Шабакаи аввали Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ҳудуди 20 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ин бозиро тамошо карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар варзишгоҳ ҳузур дошт ва ин бозиро тамошо кард.

Доварони бозиини ҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол” ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» аз Ҷопон буданд. Довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шуда буд. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат карданд.

Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дошт. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ буданд.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар тақдим шуд.

Бозии таърихсоз барои "Истиқлол"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

XS
SM
MD
LG