Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Эрон дар вазорати хориҷӣ баъди баёнияи "нафратпароканӣ"


Сафири Эрон дар Тоҷикистон баъди супурдани эътимоднома ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2014
Сафири Эрон дар Тоҷикистон баъди супурдани эътимоднома ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2014

Ба думболи як мақолаи баҳсбарангези хабаргузории давлатии “Ховар” дар бораи иқомати аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Эрон, сафири ин кишвар дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ мулоқот кардааст.

Мулоқот дар рӯзе сурат гирифт, ки намояндагии дипломатии Эрон дар номае ба хабаргузории "Ховар" онро ба "нафратпарокании мазҳабӣ" дар Тоҷикистон муттаҳам кард.

Дар мулоқоти рӯзи 11-уми июл ду тараф дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла, баргузории сездаҳумин ҷаласаи Кумиссиёни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон сӯҳбат кардаанд, ки қарор аст, дар моҳҳои боқимондаи имсол баргузор шавад.

Дар ин бора вазорати умури хориҷии Эрон хабар дода ва аз ҷумла навиштааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин аз сафарҳои ахири чанде аз мақомоти баландпояи Эрон аз ҷумла Муҳаммадҷавод Зариф, ки барои ширкат дар як нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба Душанбе рафт, ибрози қадрдонӣ кардааст.

Ҳуҷатулло Фағонӣ ва Сироҷиддини Муҳриддин зимни мулоқот дар соли 2015
Ҳуҷатулло Фағонӣ ва Сироҷиддини Муҳриддин зимни мулоқот дар соли 2015

Дар бораи ҷузъиёти дигари мулоқот чизе нагуфтаанд, аммо дидори вазир бо Ҳуҷаттуло Фағонӣ сафири Эрон, дар рӯзе сурат гирифт, ки сафорати Эрон дар Душанбе бо нашри як посухи расмӣ хабаргузории “Ховар”-ро ба нафратпарокании мазҳабӣ дар Тоҷикистон муттаҳам кард.

Маълум нест, сафирро маҳз барои шарҳи масъала ба вазорат даъват кардаанд ва ё мулоқот аз пеш барномарезӣ шудааст.

“Ховар”, ки минбари расмии давлати Тоҷикистон аст, рӯзи 2-уми июл бо нашри мақолае зери унвони “Оё шиа шудани наҳзатиён тӯҳмат аст?”, Эронро ба он муттаҳам кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро тарғиб мекунад, ба мазҳаби шиа бигараванд ва садҳо нафар аз аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон “шиа шудаанд ва дар Эрон зиндагӣ мекунанд”.

Намояндагии дипломатии Эрон гуфтааст, ки "нафратпарокании мазҳабӣ" дар Тоҷикистон як масъалаи нав аст ва тарҳи он дар моҳҳои гузашта ва пас аз изҳороти "тафриқаафканона" ва "иттиҳомот"-и сафири "як кишвари қабилаӣ" алайҳи Эрон сурат гирифтаст, ки он ҳам дар хабаргузории "Ховар" ба нашр расида буд.

Тавҳини ошкоро ба пайравони шиа

Сафорати Эрон дар Душанбе гуфтааст, ки вокуниши расмии худро бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ба хабаргузории “Ховар” фиристодааст, вале чун онро нодида гирифтанд, вокунишро дар вебсайти сафорат нашр кардаанд. Ховар мақола бо номи "Оё шиа шудани наҳзатиён тӯҳмат аст?", бо забони русӣ, форсӣ, тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва арабӣ нашр кард.

Дар номаи сафорати Эрон ба унвони Саидалӣ Сиддиқов, раиси хабаргузории "Ховар" омадааст, "сафорати Эрон дар Тоҷикистон мӯътақид аст, тарвиҷи ихтилофафканӣ миёни мазоҳиби исломӣ ва нафратпароканӣ алайҳи мазҳабҳои дигар чун ташшаюъ, ки садҳо миллион пайрав дар ҷаҳони ислом дорад, муғойири ҳама мавозини байналмилалӣ ва тавҳини ошкоро ба эътиқодоти бахши муҳиме аз ҷаҳони ислом аст."

Сафорати Эрон изҳори таассуф кардааст, ки дар мақолаи хабаргузории "Ховар" талош кардаанд, ки аз мазҳаби шиа “тасвири бегона ва ғайри қобили қабул ироа шавад” ва ин дар ҳолест, ки шуморе аз мусалмонони Тоҷикистон низ шиа ҳастанд ва ҳеҷ иртиботе бо Эрон надоранд.

Ҳуҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон
Ҳуҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

“Тавҳин ба шиаиён ва бегона талаққӣ кардани онҳо зоеъ кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ин атбои Тоҷикистон низ мебошад" – омадааст, дар посухи сафорати Эрон.

Ангушти иттиҳом ба сӯи Арабистони Саудӣ

Сафорати Эрон исми кишвар ва номи сафири "кишвари қабилаӣ" зикр накардааст, аммо зоҳиран ишораи сафорат ба Абдулазиз Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аст, ки чанде пеш “Ховар” мусоҳибаи ӯро нашр кард ва дар он дипломати араб бо интиқоди Эрон, ин кишварро ба мудохила дар умури кишварҳои минтақа муттаҳам кардааст.

Вазорати умури хориҷӣ хабаре аз мулоқоти вазир бо сафир нашр накарааст ва "Ховар" низ бо гузашти се рӯз аз нашри нома, вокунише ба он нишон надодааст.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Таърихи муносиботи сарди Тоҷикистону Эрон

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2017 алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон дар қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро даст дорад.

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз он сардтар шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" ба Теҳрон даъват карданд ва ӯ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтӯгуи кӯтоҳе анҷом дод,

Конфронс моҳи декабри соли 2015, се моҳ баъд аз мамнӯъ шудани ҳизб дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба ҳидояту ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли 2015 муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG