Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: “Барои ман ҷашни зодрӯзам муҳим нест”


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз 2 октябр бо як сафари расмӣ дар Ҷопон қарор дорад, дар рӯзи 66-солагии таваллудаш гуфтааст, ҷашни зодрӯз барояш муҳим нест. Президент Раҳмон ин суханонро рӯзи 5-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорон ва баъди табрики намояндаи ширкати бонуфузи “Hitachi” ба забон овардааст.

Соли гузашта Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва духтари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон – бори аввал дар як навори видеоӣ ва ба таври боз падарашро табрик гуфта буд.

Ӯ гуфтааст, “барои ман зодрӯзам муҳим нест. Вале бароям муҳим буд, ки субҳи имрӯз бо шахсияти хеле хирадманду фозил Императори Ҷопон мулоқоти самимӣ доштам. Мо дар бораи рушди муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Ҷопон гуфтугӯ кардем.”

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ рӯзи 5-уми октябр аз Ҷопон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон бинобар мулоқоти муҳим барои таҷлил зодрӯзи худ вақт надорад. Ӯ гуфт, ки имрӯз президент бояд 18 соат кор кунад.

“Имрӯз чун дигар солҳо зодрӯзи президенти кишвар як рӯзи муқаррарии корӣ аст. Аз субҳи барвақт президенти Тоҷикистон аллакай бо Императори Ҷопон Акиҳито, раиси палатаи поёнии Парламенти Ҷопон Ошима Тадаморӣ суҳбат доштанд. Дар назди доираҳои соҳибкорони Ҷопон ҳам суханронӣ карданд”, - афзуд ӯ.

Абдуфаттоҳ Шарифзода
Абдуфаттоҳ Шарифзода

Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, дар мулоқот бо соҳибкорон намояндаҳои ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Hitachi, Mitsubishi ва Kawasaki иштирок доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ягон бор расмӣ ҷашни зодрӯзашро таҷлил накардааст. Аммо дар солҳои пеш ҷашни зодрӯзи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба баргузории нишасти сарони баъзе кишварҳо дар Душанбе рост омадааст. Имсол нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як ҳафта пештар дар Душанбе баргузор шуд.

Соли гузашта Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва духтари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон – бори аввал дар як навори видеоӣ ва ба таври боз падарашро ба ҷашни зодрӯз табрик гуфта буд. Озода Раҳмон дар ин навор аз падараш нафари оқилу одил, устоду мураббӣ ва роҳбалад ном бурда, гуфт, ҷашни зодрӯзи ӯ баҳонае барои гирд омадани аъзои хонавода аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад

Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси барқчӣ дар корхонаи равғани шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ кардааст. Солҳои 1971-1974 дар флоти уқёнуси Ороми нирӯҳои баҳрии артиши Шӯравӣ хидмат карда, соли 1982 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин (ҳоло - Донишгоҳи миллӣ)-ро ғоибона хатм намуд.

Аз соли 1988 то 1992 раиси совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 аз ҳамин ноҳия вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. 2-юми ноябри соли 1992 раиси вилояти Кӯлоб ва 19-уми ноябри ҳамон сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ғалаба карда, беш аз 20 сол боз раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Соли 2016 унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро соҳиб шуд ва ҳақ дорад, то охири умр дар қудрат бимонад.

XS
SM
MD
LG