Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Исмоилов, сарояндаи "Модари ман"-ро дар Лучоб ба хок супурданд. САДО


Маросими ба хок супурдани ӯ бе расмиёти зиёде сурат гирифт.
Маросими ба хок супурдани ӯ бе расмиёти зиёде сурат гирифт.

Ҷамшед Исмоилов, яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ва дар гузашта муовини вазири фарҳанг дар синни 64-солагӣ даргузашт. Доир ба марги ӯ чанде дӯстони овозхон ва Иттиҳодияи гуруҳҳои консертии Тоҷикистон дар Фейсбук хабар додаанд. Ҷамшед Исмоиловро баъд аз зӯҳри 16-уми август дар оромгоҳи Лучоб дар Душанбе дафн карданд. Азбаски ба далели пандемия баргузории чорабиниҳои бузург манъ аст, маросими дафни ӯ бидуни расмиёти зиёд сурат гирифт. Дар ин маросим аҳли фарҳанг ва мақомоти расмӣ ҳузур доштанд.

Овозхон субҳи рӯзи 16-уми август дар Душанбе фавтидааст. Доир ба сабабҳои марг чизе нагуфтаанд, аммо манобеи огоҳ аз сиҳатии ӯ гуфтанд, ки Ҷамшед Исмоилов «бемории қанд дошт». Онҳое, ки ин бемориро доранд, дар баробари коронавируси нав бисёр осебпазир ҳастанд.

Ҷамшед Исмоилов - сарояндаи "Модари ман" даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим


Дилафруз Қурбонӣ, хабарнигори нашрияи “Омӯзгор” дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук навиштааст, ки "марҳум бемории қанд доштанд, дар беморхонаи «Истиқлол” бистарӣ будаанд ва имрўз соати 10 ё 10-30, дар синни 64-солагӣ даргузаштанд.“

Дар чанд моҳи гузашта дар Тоҷикистон чандин нафар аз шахсиятҳои шинохта ва олимону донишмандон бар асари бемории ба гуфтаи мақомот “илтиҳоби шуш” фавтиданд. Беморие, ки айни аломатҳои коронавируси навро дорад.

Назари фарҳангиёну овозхонҳо

Ҷамшед Исмоилов дар гузашта муовини вазири фарҳанг дар Тоҷикистон буд.
Ҷамшед Исмоилов дар гузашта муовини вазири фарҳанг дар Тоҷикистон буд.

Ҷонибек Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик, ки бо Ҷамшед Исмоилов аз замони донишҷӯӣ ошно будааcт, марги овозхонро талафоти бузурге дар “ҳунари овозхонӣ” дар Тоҷикистон номид. Ӯ рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: Аҳмад Зоҳир суруди “Ба азми тавба саҳар гуфтам, истихора кунам”- ро мехонад. Ҷамшед ҳам ин ғазали Ҳофизро мехонад, вале ба сабки хоси худаш мехонад. Мо суҳбатҳое ҳам доштем, ки як замоне Ҷамшед манъ шуда буд. Вай мегуфт ки ҳайронам ба ман мегӯянд, ки аз боло садояш манъ шудааст. Ба ман мегӯянд, ки аз боло мегӯянд, Ҷамшед нахонад. Охир ҳамин болоро ман нафаҳмидам. Баъд ин масъала ислоҳ шуд, ва президент ҳам дар як ҷаласа гуфт, ки мо таронаҳои Ҷамшедро бисёр гуш мекардем, ба вай изҳори муҳаббат кард."

Қурбоналӣ Раҳмонов, овозхони маъруфи тоҷик ҳам даргузашти Ҷамшед Исмоиловро талафоте барои фарҳанг номид ва гуфт: “Пас аз даргузашти устод Ҷӯрабек Нарзиев ва боз марги Ҷамшед Исмоилов ду сутуни мактаби хоси мо шикаст ва ин як талафоти бузург барои санъати тоҷик аст. Мо бо Ҷамшед Исмоилов ҳамроҳи Ҷурабек сафарҳои зиёди ҳунарӣ доштем, толорҳои пуродам буд, ҳатто дару тирезаҳоро мухлисон мешикастанд. Ман шукр мекунам, ки мактаби Ҷӯрабек Назриев ҳанӯзам побарҷост, вале Ҷамшед Исмоилов моро тарк кард ва ҷояш барои ҳамеша холӣ монд.”

Афзалшоҳ Шодиев, овозхони дигари шинохта ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз сафарҳояш ҳамроҳ бо Ҷамшед Исмоилов ва хислатҳои инсонии ӯ гуфт: “Ҷамшед дар як хонаводаи бомаърифат бузург шудааст. Модари ӯ маро бачаам мегуфт. Вақте ба Душанбе меомад, Ҷамшед маро хабардор мекард, бо ҳам ба манзилашон мерафтему суҳбат мекардем. Беҳад инсони самимӣ буд. Ба консертҳо ба хориҷи кишвар дар Олмон, Маскав, Тошканд ва дар кишварҳои дигар будем. Сурудҳои Ҷамшед писанди мардум буданд ва ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон таронаҳои ӯро дуст медоштанд. Руҳашон шод бод!"

Исматулло Холов, овозхони дигар хотираеро аз ҳамроҳиаш бо Ҷамшед Исмоилов дар Фейсбук гузоштааст, ки инҷо метавонед, бихонед:

Ҷамшед Исмоилов, ки унвони Овозхони мардумии Тоҷикистонро дорад, дар замони шӯравӣ бо таронаи “Аз зери чодарат” дар байни мардум шуҳрат ёфт. Яке аз таронаҳои дигари маҳбуби ӯ бо номи “Модари ман” ҳам ба бисёриҳо ошност ва онро дар Ютуб бештар аз 800 000 бор тамошо кардаанд. Оҳанги тарона аз Ҷӯрабек Назрӣ овозхон ва донишманди тоҷик аст, ки устоди Ҷамшед Исмоилов ба ҳисоб меравад ва ӯ низ чанде пеш даргузашт.

Яке дигар аз таронаҳои маъруфи ӯ доир ба дастаи футболи "Помир"-и Душанбе аст, ки дар замони шӯравӣ ба як навъ гимни мухлисони ин даста табдил ёфта буд. Ӯро имрӯз дар оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

XS
SM
MD
LG