Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ноҳияеро дар наздикии марзи Тоҷикистон ишғол карданд


Вулусуволӣ ё ноҳияи Янгиқалъа дар марз бо Тоҷикистон ба дасти гуруҳи Толибон афтод. Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Масъулини маҳаллии вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон тасдиқ карданд, ки вулусуволии Янгиқалъаи ин вилоят ба дасти ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон суқут кардааст.

Муҳаммадҷавод Ҳаҷарӣ, сухангӯи волии Тахор рӯзи сешанбеи 10-уми сентябр ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ин вулусуволӣ дар пайи як ҳафта набард байни неруҳои давлатӣ ва гуруҳи Толибон шомгоҳи дирӯз ба дасти ин гуруҳ афтод.

Оқои Ҳаҷарӣ афзуд, ки ба думболи ҳамлаи ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон, неруҳои давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён ва кормандони идораҳои давлатӣ аз маркази ин вулусуволӣ берун шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, неруҳои кӯмак ба минтақа эъзом шудаанд. Сухангӯи волии Тахор изҳори умедворӣ кард, ки вазъият дар Янгиқалъа “базудӣ тағйир хоҳад кард.”

Аммо мардум дар Янгиқалъа гуфтанд, ки ин вулусуволӣ ба далели “камтаваҷҷуҳии масъулини давлатӣ ва нарасидани неруҳои кӯмак ба минтақа” ба дасти гуруҳи Толибон афтодааст.

Башир Аҳмад, яке аз афроди бонуфуз дар Янгиқалъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нафиристодани неруҳои бештар ва адами таваҷҷуҳи ҳукумати маҳаллӣ ва ҳукумати марказӣ “боис шуд, ки ин вулусуволӣ ба дасти гуруҳи Толибон суқут кунад.”

Ҳамчунин Муҳаммадаъзам Афзалӣ, муншии Шӯрои вилояти Тахор ба Радиои Озодӣ гуфт, “вулусуволии Янгиқалъа дар ҳолати муҳосира буд ва ба нисбати дурии роҳ ва мушкилоти амниятӣ, ки дар масири роҳ вуҷуд дошт, неруҳои давлатӣ натавонистанд, ки неруҳои кӯмакро ба онҷо эъзом кунанд. Шаби гузашта наздики соати 8 неруҳои давлатӣ аз Янгиқалъа ақибнишинӣ карданд ва феълан вулусуволӣ дар назорати Толибони мусаллаҳ қарор дорад.”

Шуморе аз аъзои Шӯрои вилояти Тахор мегӯянд, ки илова бар Янгиқалъа, амнияти ҳама вулусуволиҳои он сӯи рудхонаи Кукчаҳ ба таҳдиди ҷиддӣ рубарӯ аст.

Маъмулан ба манотиқи шимоли Шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор, шимоли вулусуволиҳои Хоҷағор, Хоҷа Баҳоуддин, Янгиқалъа, Даштиқалъа, Дарқад, Растоқ ва Чоҳоб воқеъ дар шарқи рудхонаи Кукҷаҳ, моварои Кукчаҳ гуфта мешавад.

Гуруҳи Толибон муддаӣ шудааст, ки вулусуволии Янгиқалъаро ба сурати комил тасарруф кардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гуруҳ иддао карда, ки талафоти сангине ба неруҳои давлатӣ ворид шудаастю.

Вулусуволии Янгиқалъа дар 80-километрии шимоли Толиқон аз муддатҳои пеш ноамн буд. Ин вулусуволӣ ба вулусуволиҳои Рустоқ, Чоҳоб, Дарқад ва Хоҷа Баҳоуддин марзи муштарак дорад, ки бештари ин вулусуволиҳо ҳам ноором аст. Янгиқалъа ба кишвари Тоҷикистон марзи муштарак дорад.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Афғонистон аз инфиҷор дар шаҳри Мазори Шариф хабар медиҳанд. Ба гуфтаи Одилшоҳ Одил, сухангӯи пулиси Балх, ин инфиҷор дар ҳудуди як километрии оромгоҳи мансуб ба ҳазрати Алӣ дар маркази шаҳри Мазори Шариф замоне рӯй дод, ки як гуруҳ маросими Ошуро баргузор мекарданд.

XS
SM
MD
LG