Дар пайи таркиши зарфи газ дар як коргоҳи фурӯши яхмос дар Душанбе, як донишҷӯ ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 23-юми май дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, дар коргоҳи "Мазаи ватанӣ", ки "ба фурӯши яхмос ва маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисӯхторӣ лӯлаи газӣ оташ гирифта, таркидааст".
Дар ин ҳодиса Абубакр Нурови 18-сола, ки дар ин коргоҳ ҳамчун ёрдамчӣ кор мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ин ҷавон дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст.
Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Солҳои ахир таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум ва коргоҳҳо сабаби захмӣ ё фавти одамон дар Тоҷикистон шудааст.