Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Терроризм дар соли 2018: “470 ҷангҷӯи тоҷик кушта шудаанд”


Ҳусейн Абдусамадов бо ҷурми ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Ҳусейн Абдусамадов бо ҷурми ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 1-уми ноябр гузориши нави "Терроризм дар соли 2018"-ро нашр кард ва аз чаҳор ҳодисаи террористӣ дар Тоҷикистон ҳам ёдовар шуд. Ин ҳодисаҳо қатли сайёҳони хориҷӣ, кушта шудани ду ҷангалбон, нақшаи инфиҷор дар пойгоҳи 201 ва ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷандро дар бар мегиранд.

Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти дастикам се ҳодиса, аз ҷумла ҳамла ба сайёҳонро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Айни замон мақомот ба ин боваранд, ки дар ҳамла ба сайёҳон аъзои пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доранд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа гуфтааст, дар ин ҳодиса ҳеч нақш надорад ва онро бофтаи мақомот медонад.

Дар гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфта шудааст, ин ҳодисаҳо хатарҳои ДОИШ дар Тоҷикистон ва зарурати мубориза бо терроризму пешгирӣ аз ҷалби сокинон ба сафи ифротгароёнро бармало кард. "Аксар маъракаҳои зидди терроризм дар Тоҷикистон соли 2018 анҷом шуда, созмонҳо ва афроди алоҳидаро, ки зоҳиран бо терроризми исломӣ рабт доштанд, ҳадаф қарор дод. Айни замон мақомот чанд гумонбар ба терроризмро, ки аз Афғонистону Ироқ, Русия ва Сурия баргаштанд, дастгир кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар барои пайвастан ба сафи ДОИШ ба Ироқу Сурия рафтаанд."

Дар ин гузориш аз қавли мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "беш аз 450 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми иштирок дар амалиёти гуруҳҳои террористӣ дар зиндонҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон ҳастанд". Ба иттилои манбаъ, "470 ҷангҷӯи тоҷик кушта шудаанд".

Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта шудааст, ҳукумати Тоҷикистон шимоли Афғонистонро ба ҳайси манбаи асосии фаъолиятҳои террористӣ медонад ва ба тақвияти ҳифзи марз идома медиҳад. "Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида дар заминаи мубориза бо терроризм моил аст", -- таъкид шудааст дар гузориш.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳеч вокуниш накардаанд, вале дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз авлавиятҳои кори онҳост. Кишвар стратегияи миллии мубориза бо терроризмро низ қабул кардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки бо суистифода аз муборизаи зидди тундгароӣ ва терроризм рақибони сиёсии худро аз саҳнаи сиёсӣ меронад. Ин созмонҳо ба аҳамияти ҳифзи амният ва суботи ҷомеа таъкид мекунанд, вале меафзоянд, талошҳои мубориза бо тундгароӣ ва терроризм набояд баҳонае барои саркуб кардани мухолифони сиёсӣ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи имсол дар нишасти зидди терроризм дар Душанбе гуфт, "террорист террорист аст ва ҳеч гоҳ худӣ ва бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад буда наметавонад."

"Бадтарин ҳомии терроризм дар ҷаҳон"

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши нави “Терроризм дар соли 2018” гуфтааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон “бадтарин кишвари ҳомии терроризм дар ҷаҳон аст”. Дар гузориш, ки рӯзи якуми ноябр муаррифӣ шуд, гуфта шудааст, ҳукумати Эрон ҳар сол тақрибан як миллиард долларро сарфи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз гуруҳҳое ба монанди “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди исломӣ” дар Фаластин ба унвони гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ёд кардааст. Ин гуруҳҳо дар феҳрасти террористии Вазорати умури хориҷии Амрико қарор доранд.

Натан Сейлз (Nathan Sales), ҳамоҳангкунандаи мубориза бо терроризм дар Вазорати умури хориҷии Амрико, дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, таҳдиди Эрон танҳо ба минтақаи Ховари Миёна маҳдуд намешавад, балки ҷаҳонӣ аст. Дар гузориши нави Вазорати умури хориҷа таъкид шудааст, ки кишварҳои аврупоӣ бо таҳдиди терроризми мавриди ҳимояти Эрон рӯ ба рӯ ҳастанд.

Дар гузориш омадааст, “дар моҳи январи соли 2018 мақомоти Олмон 10 гумонбарро ба унвони омили Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ мавриди таҳқиқ қарор доданд. Дар тобистони соли гузашта, мақомоти Белгия, Фаронса ва Олмон тарҳи Эронро барои бомбгузорӣ дар як роҳпаймоии сиёсӣ дар наздикии Париж хунсо карданд. Дар моҳи октябр як эронӣ ба ҷурми барномарезӣ барои террор дар Дания дастгир шуд ва дар моҳи декабр Албания ду мақоми эрониро ба далели тарҳи ҳамлаҳои террористӣ ихроҷ кард.”

Натан Сейлз гуфт, муқобила бо ҳимояти Эрон аз терроризм, ҳамвора асоситарин барномаи кори Амрико буд ва ҳаст. Вай ба се меҳвари асосии ин гузориш ишора кард ва гуфт, меҳвари аввал ба ҳамкории Амрико ва эътилофи байналмилалӣ барои шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва аз байн бурдани шабакаи молии террористҳо ихтисос дорад.

Сейлз дар посух ба пурсише дар хусуси иқдомоти Сипоҳи Посдорон дар Ироқу Лубнон гуфт, “мо медонем, ки ба далели таҳримҳои таърихии Амрико алайҳи Эрон гуруҳҳои зери ҳимояти он бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шудаанд.” Ин мақоми Вазорати умури хориҷии Амрико дар идома ба дархости раҳбари “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон аз мардум барои дарёфти кумакҳои молӣ ишора кард ва ин вазъро натиҷаи фишору иқдомоти Амрико донист.

Эрон дар солҳои ахир дар вокуниш ба гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико ин иттиҳомҳоро рад карда ва онҳоро “беэътибор” ё “кинаварона” хондааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, ки ҳузури нерӯҳои он дар кишварҳое ба мисли Ироқ ё Сурия “барои муқобила бо терроризм аст”.

XS
SM
MD
LG