Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тимошенко бояд дар бемористон бошад"


Июни соли 2009
Июни соли 2009

Табибони олмонӣ машварат додаанд, ки собиқ нахуствазири Украина аз зиндон ба касалхона интиқол ёбад.

Бо вуҷуди ин ки табибони Харков зарурати дар бемористон бистарӣ шудани собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенкои зиндониро рад мекунанд, табибони олмонӣ баъди муоинаи ӯ машварат додаанд, ки вай дар шароити касалхона муолиҷаро идома диҳад. Тимошенко аз моҳи маи соли 2012 дар касалхонаи Харков камарашро табобат мекунад. Раҳбари 52-солаи мухолифин барои сӯиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои созишномаҳои газӣ дар соли 2009 бо Русия айбдор ва ба мӯҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки ин амали ӯ ба обурӯи Украина латма задааст.

Вале худи Тимошенко, ки тамоми иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳукми ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, аз ҷониби рақиби аслии сиёсии вай президенти амалкунанда Виктор Янукович ба хотири дур нигоҳ доштани ӯ аз саҳнаи сиёсӣ таҳия шудааст. Рӯзи 4 март Тимошенко қарор аст дар додгоҳи дигар аз рӯи иттиҳомоти нав, яъне тақаллуб ва напардохтани молиёт ҳозир шавад. Муовини вазири беҳдошти Украина Олександр Кочун рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Тимошенко барои муолиҷаи беҳтари камараш ба машқҳои бештари варзишӣ ниёз дорад ва зарурате барои бистарӣ шуданаш дар касалхона нест. Вай гуфт:

- Пешниҳоди табибони олмонӣ роҷеъ ба анҷоми машқҳои варзишӣ барои муолиҷаи камар метавонад дар шароити берун аз касалхона ҳам анҷом шавад. Ин хулосаи комиссиюни Вазорати беҳдошти Украина мебошад. Мо назари ҳамкорони олмониамонро эҳтиром мекунем, онҳо бояд ба мо дар ин замина ба таври хаттӣ муроҷиат кунанд ва баъдан мо дар давоми ду рӯз ин далелҳои онҳоро омӯхта тасмими худро хоҳем гирифт, - гуфт Олександр Кочун.

Дар ҳамин ҳол, табибони олмонӣ дар паи муоинаи нави тиббии хонум Тимошенко тасдиқ мекунанд, ки ӯ ба муолиҷа ниёз дорад. Раҳбари касалхонаи назди донишгоҳи Черити Олмон Карл Макс Эйнҳаупл, ки дар баробари дигар духтурони олмонӣ вазъи сиҳҳатии Тимошенкоро санҷидааст, гуфт:

  • Пеш аз ҳама хонум Тимошенко бемор аст. Дуюм ин ки ва бояд табобаташро идома диҳад. Мо қотеона машварат медиҳем, ки табобат дар шароити беморхона идома ёбад.

Айни ҳол, ин табиби олмонӣ гуфт, ки мавзӯи ширкати Тимошенко дар мурофиаҳои додгоҳӣ “дар салоҳияти ӯ нест” ва чунин тасмимро танҳо хонум Тимошенко ва вакили дифои ӯ гирифта метавонад. Вай гуфт, интиқоли ӯ аз зиндон ба касалхона бояд дар дохили мошини махсуси тиббӣ сурат гирад. Худи Тимошенко гуфтааст, ки ният дорад, дар ҷараёни додгоҳ ширкат кунад.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG