Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо аз Трамп ранҷиданд ва мулоқоти марбут ба Сурияро тарк карданд


Демократҳо ҳангоми баромадан аз Кохи Сафед
Демократҳо ҳангоми баромадан аз Кохи Сафед

Гуфтушуниди президенти Амрико Доналд Трамп бо сарони Конгресс дар робита ба сиёсатҳои Амрико дар Сурия бенатиҷа ба поён расид.

Трамп раҳбарони Конгресс, аз ҷумла демократҳои баландпояро барои як суҳбати хусусӣ ба Кохи Сафед даъват кард, аммо конгрессменҳои демократ ба зудӣ пас аз оғоз ёфтани мулоқот онро тарк карданд.

Ба гуфтаи онҳо, суханони тунди президент дар ҳаққи раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнси Пелосӣ сабаби чунин вокуниш шуд.

Тавре ки худи Пелосӣ ба хабарнигорон гуфт, президент "асабонияташро нигоҳ дошта натавонист". Ба тахмини Пелосӣ, президент аз қатъномаи маҷлис хашмгин аст. Ин қатънома хуруҷи неруҳои амрикоиро аз шимоли Сурия бо дастури Трамп маҳкум мекунад. Пелосӣ вокуниши президентро ба он низ бастагӣ дод, ки аз ин ҳуҷҷат, ба гуфтаи ӯ, аксарияти ҷумҳурихоҳон низ ҳимоят карданд.

Ба гуфтаи сарони ҷиноҳи демократ дар Сенат ва Маҷлиси Намояндагон – Чак Шумер ва Стенӣ Ҳойер - Трамп, аз ҷумла Пелосиро "сиёсатмадори навъи сеюм" номидааст.

Пештар Доналд Трамп раиси Маҷлиси Намояндагонро ба вайрон кардани шеваи кори ҷаласа ҳангоми баррасии масъалаи импичмент ё эълони нобоварӣ ба президент айбдор кард ва нисбат ба ӯ дар твиттер аз суханони беэҳтиромона истифода кард.

Раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон Кевин Маккартӣ лаҳни баёни Пелосиро ҳангоми суҳбат бо президент "ноҷо" номид ва гуфт, пас аз рафтани демократҳо дидор идома кард ва "самарабахш" ба поён расид.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, аксарияти қонунгузорон зидди дастури Трамп барои баровардани нерӯҳои Амрико аз шимоли Сурияанд. Онҳо мегӯянд, бо чунин иқдом президент курдҳои Сурияро дар баробари ҳуҷуми Туркия ҳаволаи тақдир кард ва ташаббусро дар минтақа ба дасти Русия ва Эрон дод.

Трамп бо пуштибонӣ аз қарори худ мегӯяд, мехоҳад, ба "ҷангҳои беохир" хотима гузорад. Дар айни замон вай ноиб-президент Майк Пенс ва котиби давлатӣ Майк Помпеоро ба Анкара фиристод, то Туркияро ба қатъи амалиёти ҷангӣ зидди курдҳо водор намоянд.

XS
SM
MD
LG