Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вашингтон пост": Туркия садо ва видеои қатли Хошуқҷиро дар ихтиёр дорад


Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул, нопадид шуд.
Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул, нопадид шуд.

Рӯзномаи "Вашингтон пост" мегӯянд, Туркия ба Амрико иттилоъ додааст, ки наворҳои савтӣ ва видеоиеро дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад, Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Риёз, дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шудааст.

Рӯзномаи "Вашингтон пост" рӯзи 11-уми октябр аз қавли масъулони амрикоӣ ва турк навиштааст, ки ин наворҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳи 15-нафарии фиристодашуда аз Арабистони Саудӣ чӣ гуна ин рӯзноманигорро дохили бинои консулгарӣ, ба қатл расониданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин наворҳои ба дастомада, садои Хошуқҷӣ шунида мешавад ва ҳамчунин шеваҳои шиканҷаи ӯ аз сӯи гурӯҳи эъзомшуда қобили дидан аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтаст, кишвараш дар баробари ин ҳодиса хомӯш нахоҳад истод, зеро он "як ҳодисаи оддӣ" нест.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин маълумотро масъулони амрикоӣ дар бораи наворҳои нав ироа кардаанд ва ё ҳамтоёни туркашонро муҳтавои онро дар ихтиёри онҳо қарор додаанд. "Вашингтон пост" менависад, ки гурӯҳи эъзомшуда аз Саудӣ, баъд аз қатли Хошуқҷӣ ба манзили консули он кишвар, ки дар 200-метрии бинои консулгарӣ қарор дорад, рафтаанд.

Як манбаъ дар мақомоти амниятии Туркия рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки далелҳои қотеъӣ кушта шудани Хошуқҷӣ ва макони қатли ӯро доранд ва онҳо дар ин маврид ҷониби Амрикоро огоҳ кардаанд. То ба ҳол маълум нест, ки ин наворҳои савтӣ ва видеоӣ чӣ гуна дар ихтиёри ҳукумати Туркия қарор гирифтааст ва оё онҳо дар ихтиёри мақомҳои амрикоӣ гузошта шудааст ё на.

Наворҳо аз фурудгоҳи Отатурки Истанбул, ки афроди омада аз Саудӣ барои қатли Хошуқҷиро нишон сабт кардааст.
Наворҳо аз фурудгоҳи Отатурки Истанбул, ки афроди омада аз Саудӣ барои қатли Хошуқҷиро нишон сабт кардааст.

Мақомот гуфтаанд, ки ин наворҳо нишон медиҳад, ки тими саудӣ масъули қатли Хошуқҷӣ мебошад. "Садое, ки аз дохили намояндагӣ сабт шудааст, ончиро, ки баъд аз ворид шудан ба консулгарӣ ба Хошуқҷӣ рух додааст, бозгӯӣ мекунад",-гуфтааст як мақоми баландпоя ба шарти ифшо нашудани номаш.

"Садои ӯ (Хошуқҷӣ) ва садои мардоне, ки арабӣ сӯҳбат мекунанд, қобили шунидан аст",-гуфтааст ин манбаъ. "Шунида мешавад, ки вай чи гуна бозҷӯӣ, шиканҷа ва сипас кушта мешавад",-гуфтааст ин манбаъ ба "Вашингтон пост".

Эрдуғон: "Ин қазияи оддӣ нест"

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки ба навиштаи шабакаи хабарии "Ал-Ҷазира", чанд соат қабл аз он, вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки мақомоти интизомии Истанбул ба таҳқиқи дақиқ ва шомили қазияи нопадид шудани Хошуқҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷонибҳои дигари амниятии ин кишвар, оғоз кардаанд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Туркия, Арабистони Саудӣ бояд бо онҳо дар ин қазия ҳамкорӣ кунад.

Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Аз ин қабл, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфта буд, кишвараш дар баробари ин ҳодиса хомӯш нахоҳад истод, зеро он "як ҳодисаи оддӣ" нест. Ҳамчунин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "Фокс Нюс" гуфтааст, Хошуҷӣ ба консулгарии Арабистони Саудӣ ва ворид шуда буд ва "дақиқ аст, ки берун наомадааст".

Хошуқҷӣ чӣ гуна нопадид шуд?

Рӯзномаи "Вашингтон пост", ки Ҷамол Хошуқҷӣ барои он мақола менавишт, қаблан низ навишта буд, муфаттишони пулиси Туркия ба ин бовар ҳастанд, ки тими 15-нафара аз Арабистони ба Истанбул рафта буд, то Хошуқҷиро ба қатл бирасонад. Мақомҳои Арабистони Саудӣ ин иддаоҳоро "бепоя ва беасос" хондаанд.

Тибқи гузоришҳо, ин рӯзноманигор рӯзи сешанбеи 2-юми октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Ҳамон тавр, ки номзади ин шаҳрванди Арабистони Саудӣ гуфтааст, Ҷамол Хошуқҷӣ барои дарёфти як санади расмии сабти талоқ ва дар натиҷа гирифтани иҷозатнома барои издивоҷи дигарбора, вориди бинои консулгарии Арабистони Саудӣ шуд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, мушовири пешини ҳукумати Арабистони Саудӣ пас аз интиқодҳояш аз сиёсатҳои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷавони ин кишвар, чун нигарон буд, ки боздошт мешавад, соли гузашта ба Амрико рафт. Пас аз он ба навиштани мақолаҳои интиқодӣ дар рӯзномаи "Вашингтон пост" оғоз намуд.

XS
SM
MD
LG