Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Киев ба сафари Путин ба Қрим


Як рӯз пас аз сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба нимҷазираи Қрим, вазорати умури хориҷии Украина рӯзи якшанбеи 11 август ин сафарро "таҷовузи ошкоро" ба ҳокимият ва тамомияти арзии Украина хонд ва ба он эътироз кард.

Тибқи ин изҳороти вазорати умури хориҷии Украина, ин сафари Владимир Путин, ки расонаҳои Русия онро "дидори оддӣ ва дохилӣ" хонданд, "беасос" аст ва Қрим "ҷузъи ҷудоинашаванда"-и қаламрави Украина ба шумор меравад.

Телевизиони давлатии Русия рӯзи шанбеи 10-уми август наворҳоеро мунташир кард, ки Владимир Путинро бо курткаи чармӣ ва савор бар моторсикл дар барномае дар Қрим нишон медод. Ин барномаи моторсиклсаворӣ дар бандари Севастопол дар Қримро клуби маъруф ба "Гургҳои шаб", ки гуфта мешавад робитаи наздик бо Кремл дорад, баргузор карда буд.

Русия соли 2014 дар пасманзари сарнагунии ҳукумати маскавгарои Виктор Янукович дар пайи эътирози чандмоҳаи гурӯҳҳои сиёсии тарафдори Ғарб, нимҷазираи Қримро, ки он замон ҷуъе аз Украина буд, ба хоки худ замима ё изофа кард.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ин амали Русияро маҳкум карда, таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав ҷорӣ намуданд. Раҳбарони ин кишварҳо борҳо гуфтаанд, ки танҳо ба шарти бозгардонидани Қрим ба Украина, таҳримҳо алайҳи Русияро бекор мекунанд.

Маскав ҳамчунин аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҳимоят кард мекунанд. Аз оғози даргириҳо дар апрели соли 2014 то ба ҳол беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

​Ин сафари Путин ба Севастопол дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 10 август даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав ва дигар шаҳрҳои ин кишвар ҷамъ омада, хостори баргузории интихоботи шаффоф шудаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, дар ин эътирозҳо беш аз 350 нафар боздошт шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

XS
SM
MD
LG