Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ: "Таҳримҳо алайҳи Эрон ноодилона ва зиёновар ҳастанд"


Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон "ноодилона ва зиёновар" ҳастанд ва ба мардуми оддӣ осеб мерасонанд.

Идрис Ҷазоирӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 22-юми август дар баёнияе изҳор кард, ки дубора ҷорӣ кардани таҳриҳо алайҳи Эрон пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи ин тавофуқ, ки аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ сурат гирифтааст, далели "ғайриқонунӣ" будани ин таҳримҳо аст.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки шароити феълӣ ба ҳадди номуайян аст, ки Эрон дигар қодир нест колоҳои асосии худро ворид кунад.

Гузоришгари вижаи СММ афзуд, "таҳримҳои байналмилалӣ бояд ҳадафи машрӯъ ва муносиб дошта бошад. Таҳримҳо набояд ҳуқуқи шаҳрвандони оддиро нақз кунанд". Оқои Ҷазоирӣ хотирнишон кард, "ин таҳримҳои ноодилона ва зиёновар, иқтисод ва пули Эронро нобуд мекунанд, миллионҳо нафарро дучори фақр мекунанд ва нархи молу колоҳои воридотиро ҳадде боло мебаранд."

Доналд Трамп дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва дар моҳи ҷорӣ даври аввали таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дубора ба ҳолати иҷро даромад. Доналд Трамп пеш аз ин борҳо созиши ҳастаӣ бо Эронро ноқис ва онро бадтарин тавофуқ номида буд.

Раиси ҷумҳури Амрико хостори созиши наве аст, ки барномаи мушакӣ ва фаъолиятҳои минтақавии Эронро низ дар бар бигирад. Дар пайи хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ, бозори асъори Эрон дучори мушкил шуд ва қимати доллар ба якборагӣ боло рафт.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе бо ин ҳол таъкид кард, ки шароити феълӣ ба ҳадде номуайян аст, ки Эрон дигар қодир нест колоҳои асосии худро ворид кунад. Вай таъкид кард, ки ин шароит метавонд сабаби камбуди дору ва "марги хомӯши миллионҳо бемор дар бемористонҳо" шавад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки як масъули Созмони барнома ва будҷаи Эрон қаблан гуфта буд, ки бо барномарезиҳо ва ҳамоҳангиҳои анҷомшуда, мардум набояд нигарони таъсири таҳримҳо дар ҳавзаи дору ва таҷҳизоти тиббӣ бошанд.

XS
SM
MD
LG