Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони СММ: "ДИИШ ҳанӯз як таҳдиди ҷаҳонӣ аст"


Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки бо вуҷуди шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ, Сурия ва Ҷануби Филиппин, ин гурӯҳ ҳамчунон "таҳдиде муҳим дар ҳоли таҳаввул" барои ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", дар ин гузориши коршиносон, ки рӯзи сешанбеи 6-уми январ дар ихтиёри аъзои Шӯрои Амнияти СММ қарор гирифт, омадааст, "гурӯҳи Давлати исломӣ ҳарчанд қудрати фатҳи қаламравҳои нав ё ҳифзи минтақаҳои таҳти назорати худро аз даст додааст, аммо ҳамчунон таваҷҷуҳи хосе ба ҳамлаҳои хориҷӣ дорад."

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид хостори ҳамкориҳои амниятӣ барои шиносоии шабакаҳои молӣ ва нерӯҳои вобастаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" шудаанд.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардаанд, ки дар оянда гурӯҳи "Давлати исломӣ" гурӯҳҳои хурдтаре иборат аз афроде, ки моил ба мубориза ё анҷоми ҳамлаҳо ҳастанд, ташкил хоҳанд кард. Ба гуфтаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳоло ба монанди як шабакаи ҷаҳонӣ аст ва раҳбарияташ ба афрод назорати мустақим надоранд ва бархе аз аъзои кунунии он низ моил ба ҳамкорӣ бо Ал-Қоида барои ҳамлаҳои нав ҳастанд.

Тибқи ин гузориш, бинобар он, ки нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба шакли шабакаҳои камтар қобили мушоҳида ва ниҳоят мустақилона амал мекунанд, мубориза бо ин гурӯҳ вориди марҳилаи нав шудааст. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид хостори ҳамкориҳои амниятӣ барои шиносоии шабакаҳои молӣ ва нерӯҳои вобастаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" шудаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар соли 2014 тавонист ба суръат қисматҳои зиёде аз қаламрави ғарби Иро ба вижа шаҳри Мавсиро ба назорати худ даровард. Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин шаҳр хилофати исломии худро эълон кард.

Ин гурӯҳи пас аз даст додани шаҳри Мавсил дар чанд моҳи пеш, ҳоло ниҳоят заиф шудааст. Дар пайи ҳамлаҳои нерӯҳои Сурияву Ироқ ва эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳоло минтақаҳои зиёдеро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG